Муҳоҷир: Аз ошёнаи панҷум афтид, дар Нева ғарқ шуд, ба ноболиғ бадрафторӣ кард,дар садам мурд…

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург хабар дод, ки шоми 25 май, соати тақрибан 19, як тифли яксола аз қабати панҷуми бинои рақами 90 дар кӯчаи Костюшковои ноҳияи Москва ба сабаби беаҳамиятии волидонаш ба замин афтодааст. Табибон мегӯянд, ки кӯдак аз ноҳияи косахона ва мағзи сараш ҷароҳат бардошта, вазъаш вазнин аст. Ӯ дар бемористони кӯдаконаи рақами як таҳти табобат қарор дорад. Падару модари кӯдак, ҳарду соли таваллудашон 1984 буда, аз Тоҷикистон ба Петербург барои кор омадаанд.Бино ба хабари дигар аз Петербург, субҳи 24 май ҷасади як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро дар назди бинои 60, дар Набережная Макарова пайдо кардаанд. Муҳоҷири тоҷик дар тан футболка ва труси дошта, пои луч будааст. Ҳанӯз маълум нест, ки ӯ ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст ё иттифоқи дигаре бо вай рух додааст.Аммо дар шаҳри Энгелси вилояти Саратов рӯзи 25 май як шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми «ҳаракатҳои бадахлоқонаи шаҳвонӣ” нисбат ба як духтари ноболиғ боздошт кардаанд. Модари ин духтари 16-сола, ки хонандаи синфи 9 будааст, ба пулис шикоят кардааст, ки дар аввали моҳи апрел ин ҷавони тоҷик дар як манзил дар микрорайони якуми ЗИУ нисбат ба духтараш бадрафторӣ кардааст. Ба зидди шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 135-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқона парванда оғоз кардаанд.Субҳи 26 май, соати тахминан 05:20 як мошини тамғаи «Киа-Рио” бо 5 муҳоҷири тоҷик дар километри 99-уми шоҳроҳи Челябинск – Троитск дар назди деҳаи Половинкаи ноҳияи Увел аз роҳ берун баромада, чаппа шудааст. Бар асари ин садама як зани тоҷики соли таваллудаш 1964 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ин мошин, соли таваллудаш 1975 ва се мусофири дигар, соли таваллудашон 1988, 1989 ва 1999, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.Пулис мегӯяд, ронандаи мошин ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Троитск аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавонистааст.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

Leave a Reply