Муҳоҷират рафтаму ҳамсарам бероҳа шуд!

МУҲОҶИР, Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

“Чашми ошиқ кӯр аст” гуфтани бузургон беҳуда набудааст, баъзан одам ба ҳавои ишқу ошиқӣ дода шуда, бо дасти худ ҳаёташро месӯзад.

Ман инро аз таҷрибаи зиндагии худам мегӯям. Ба духтаре, ки чандон сурати зебо надошт, Маҷнунвор ошиқ шуда, ду поямро ба як мӯза андохтам, ки хоҳед-нахоҳед ҳамин духтарро ба занӣ мегирам. Волидонам розӣ набошанд ҳам, ночор ба хонаашон хостгорӣ рафтанд ва “маликаи орзуҳо”-и маро бо тӯю тамошо келин карда оварданд. Арӯсам париваш набошад ҳам, дар назари ман мисли малика метофт. Аввалҳо зиндагиамон ширин буд. Ҳамсарам маро ҳурмату эҳтиром мекард, дили падару модар ва апаю хоҳаронамро низ бо чаққонию ширинзабонӣ ёфта, келини таърифӣ буд. Худамро бо Аслия марди хушбахттарини дунё эҳсос мекардам, вале бо мурури замон рафтору кирдори занам тағйир ёфта, ба як аҷузаи таппа тайёр табдил ёфт. Акнун аз забонаш дигар ҳарфи ширину хуш намебаромад, мудом ягон кори ночизро баҳона карда, ҷангу ҷанҷол мебардошт. Хостам талоқашро диҳам, вале модару апаҳоям зид баромада, маслиҳат доданд, ки хонаамро ҷудо кунам, шояд ҳамсарам алоҳида зиндагӣ кардан мехоҳад. Ба хотири писарчаам маслиҳати онҳоро қабул карда, рӯ ба муҳоҷират овардам, то кор карда, пул ҷамъ кунам ва хонаи алоҳида бисозам ва ҳамроҳи ҳамсару фарзандам бароҳат зиндагӣ кунам. Корам дар мулки рус омад карду дар муддати ду сол хонаи дуошёнаи зебое сохтам. Зану фарзандамро ба манзили бо обилаи кафи даст бунёдкардаам кӯчонда боз роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтам, то пул ҷамъ карда мошин харам. Ин дафъа ҳамагӣ баъди як моҳи рафтанам ба гӯшам овозае расид, ки ҳамсарам аллакай кавалер ёфтааст ва шабҳоро дар оғӯши мардони бегона саҳар мекунад. Намехостам ба ин овозаю ҳангомаҳо бовар кунам, вале чанде пас ҳамааш рӯйи об баромада, маълум шуд, ки дар ҳақиқат зани ношукри ман бероҳа ва ҷаҳмандбоз шудааст. Дӯстонам мулоқотҳои ошиқонаи ӯро бо хушдораш дар телефони худ сабт карда ба ман нишон доданд. Магар баъди бо чашми худаш дидани ин манзараи нангин ягон марди баномус бо чунин зани хиёнаткор зиндагӣ мекунад? Албатта не! Талоқи занамро дода, писарчаамро аз дасташ кашида гирифтам. Барои кирдори нолоиқаш ӯро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум намуданд. Акнун писаракамро худам дар танҳоӣ калон карда ба воя мерасонам. Ба ҷавонон гуфтаниям, ки пеш аз оиладор шудан аввал рафтору кирдори духтарро хуб санҷида, танҳо баъди ба вафодор буданаш эътимод пайдо кардан риштаи тақдиратонро бо ӯ пайвандед, то мисли ман дар байни мардум сархам ва бадбахт нашавед!
Аҳлиёр, аз н. Шоҳмансур

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply