Муҳоҷирон ба Руссия наравед!

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Шурӯъ аз 25 майи соли равон   ҳар муҳоҷири  менатии  ба Федератсияи Руссия дохилшаванда, уҳдадор аст, ки дар муддати 1 шабонарӯз (24 соат) пас вуруд, дар мақомот, худ ва ҷои зисти мувақатии худро сабти ном кунад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба тамоми муҳоҷирони тоҷик ҳушдор додааст, ки шурӯъ аз 25 май то 25 июли соли 2018 пас аз вуруд ба шаҳрҳои Волгоград. Екатеренбург, Қазон, Каленинград, Москва, Нижний Новгород, Ростов-на-Дону, Самара, Санкт-Петербург, Саранск, Сочии Россия, дар муддати на кам аз 24 соат дар мақомоти муҳоҷирати минтақавии Федератисия худро сабти ном кунанд.  Дар сурати иҷро нагардидани талаботи мазкур нисбати шаҳрвандони хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

 Ин  амрро президенти ФР   ба хотири бехатар гузаронидани Чемпионати ҷаҳон  оид ба Футбол FIFA 2018 санаи 9 майи соли 2017 бароварда буд.

Хадамот аз муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш намудааст, ки дар давраи гузаронидани Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аз сафар ба шаҳрҳои номбаршуда худдорӣ намоянд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Муҳоҷирон ба Руссия наравед!

  • х,амматон биёед, х,амон руз ммц равед , х,уч,ч,ат барои патент супоред , худашон бе пул як мох,а ба к,айд мегиранд…

Leave a Reply