Муҳоҷирон Маскавро бой мекунанд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Cергей Собянин, мири шаҳри Маскав гуфтааст, даромади пойтахти Русия аз ҳисоби даромади муҳоҷирони корӣ афзуда, қарор аст ба 16 миллиард рубл (беш аз 250 миллион доллар) баробар шавад. Дар ин бора рӯзи 23 октябр хабаргузории РИА Новости иттилоъ дод.

«Маскав макони ҷамъшавии муҳоҷирони корӣ, хусусан шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ аст. Имрӯз даромади шаҳр аз муҳоҷирон ҳудуди 16 миллард рублро ташкил мекунад. Ин чӣ маъно дорад?

Муҳоҷирон чунин пули гарони патентро пардохт карда дар як шароити баробар ва одилонае бо шаҳрвандони Русия қарор мегиранд, ки Маскав кор мекунанд. Чунки қаблан онҳо чизе пардохт намекарданд ва барои кордиҳандагон онҳоро ба кор гирифтан ҷолибтар буд, вале ҳоло вазъият тағйир ёфт», гуфт Собянин. Ин ҳарфҳоро раиси шаҳри Маскав дар назди вакилони маҷлиси шаҳр ироа кард.

Маскав, ки ба ҳисоби мақомоти маҳаллӣ то солҳои 2015 тахминан 15 миллион муҳоҷир дошт, яке аз маконҳои аслии кору даромади муҳоҷирони тоҷик ҳам ба ҳисоб меравад. Баъди ҷорӣ шудани патенти корӣ, ки дар Маскав баландтарин арзишро дошта беш аз 4 ҳазор рубл дар як моҳро ташкил медиҳад, зоҳиран даромади буҷаи маҳаллӣ ҳам беҳтар шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply