Муҳоҷирро бо пули калон дастгир карданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 Як мусофири парвози Душанбе – Краснодар дар фурудгоҳи Пашковский бо 113 ҳазору 700 доллар пули нақд дастгир кардаанд. Мақомоти гумрук мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон мехост бо чунин маблағи бузург аз «коридори сабз” гузарад. Тибқи қонунҳои Русия, ҳангоми убури марзи ин кишвар бояд маблағи беш аз 10 ҳазор долларро ҳатман ба гумрук эълом кунед.

Дафтари матбуоти идораи гумруки кишвари Краснодари Русия хабар дод, ки дар фурудгоҳи Пашковский аз як кӯшиши ба қаламрави ЕврАзЭС ворид кардани маблағи бузурги нақд ҷилавгирӣ кардаанд ва ҳоло тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Бино ба ин манбаъ, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо парвози Душанбе – Краснодар омада буд, бо худ 113 ҳазору 700 доллар пули нақд дошт ва талош кард, ки аз «коридори сабз” бидуни пур кардани эъломияи гумрукӣ ин маблағи бузургро ба Русия ворид кунад.

Тибқи қонунҳои Русия, ҳангоми берун бурдан аз Русия ваё ҳангоми ворид кардан ба ин кишввар афрод бояд барои тамоми маблағе, ки аз 10 ҳазор доллар амрикоӣ болост, расман эъломия пур карда, ба мақомоти гумрук нишон диҳанд. Дар сурати интиқоли пул бо роҳи пинҳонӣ мақомот метавонанд маблағи аз эъломияи гумрукӣ берунро мусодира ва қочоқбарро болои ин ҷарима кунанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply