Муаллифи беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳон ба “Бавария” гузашт

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Ҳимоятгари “Штутгард” ва мунтахаби Фаронса Бенжамен Павар фаъолияти футболбозиашро дар “Бавария” идома хоҳад дод. Футболбози 22 – сола бо бошгоҳи мюнхенӣ шартномаи муҳлаташ 5 солро ба имзо расонид. Павар ба бошгоҳи наваш 1 июли соли 2019 пайваст мешавад. Қаблан иттилоъ дода шуд, ки “Бавария” барои чемпиони ҷаҳон 35 миллион евро харҷ хоҳад кард.

Маврид ба ёдоварист, ки голи задаи Бенжамен Павар ба дарзвозаи мунтахаби Аргентина, беҳтарин голи ҷоми ҷаҳон дониста шуда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply