Муаллимаи одамкуш 19 сол гирифт

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Суди вилояти Хатлон баррасии парвандаи муаллимаи мактаби шумораи 14-и ноҳияи Шаҳритузро хотима дода, ӯро ба 19 ва шавҳарашро ба 17 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамсарон дар куштор ва сӯиқасд ба куштор гунаҳгор шуданд. Мурофиаи додгоҳии муаллимаву ҳамсараш рӯзи 14 сентябр дар бинои додгоҳи ноҳияи Шаҳритуз анҷом шуд.Дилбар Мигнороваи 29-сола ва шавҳари ӯ Шафқат Норматови 30-сола, сокинони деҳаи Султонободи ҷамоати Пахтакори ноҳияи Шаҳритуз дар қатли як нафар ва маҷруҳ кардани нафари дигар гунаҳгор дониста шуданд.Тавре,ки қабалан хабар дода шуда буд, зану шавҳар дар натиҷаи як моҷарои ҳамсоягарӣ Дилабар ҳамсоязани худро бо кордзада кушт ва ҳамчунин фарзанди ӯ захмӣ шуд.Ҳамсарон аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноӣ — “тайёрӣ ба ҷиноят”, “сӯиқасди ҷиноят” ва “куштор” маҳкум шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Муаллимаи одамкуш 19 сол гирифт

  • Медонед ман харгиз тарафдори хамин зани одамкуш нестам… Аммо Худованд аз хамсояи бад нигох дорад. Масалан мо як хамсоя дорем хамеша асабамро хароб мекунад. Ьачахояш руз то бегах дар подезд даву тоз, дарашро кушояд дар бую таф шишта намешавад. Агар эрод гири рафта аз ун канори шахр модарашро хамла меорад…. Худо сабрам дех…..

Leave a Reply