Муфассал: Модарам маро ба мардҳо мефурӯхт

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Номам Холиса, фоҳишаам! Макони зистам шаҳри Душанбе. Мехоҳам саргузаштамро «подробно» нақл кунам, то мардум фаҳманд, ки маро кӣ ва чӣ маҷбур сохт, то ба роҳи ҳаром равам.

             Духтар чӣ гуна, оча намуна

Дар фоҳиша шудани ман модарам гунаҳгор аст. Ӯ маро бо афғонҳо шинос карда, домони исматамро доғдор намуд. Модарам дар бозор  савдо мекард ва бо афғонҳои пулдор шинос буд. Барои пул шуда тез-тез мардҳои афғонро ба хона меовард ва то саҳар айшу ишрат мекард. Борҳо сади роҳаш гашта гуфтам, ки очаҷон, ин кори шумо хато аст, дар пеши Парвардигор тавба карда, мисли дигар занҳо ҳалолу покиза зиндагӣ кунед, вале ӯ писханд зада мегуфт, ки дар ин дунёи дурӯза «кайф» карда гаштагит мемонад. Мани ноболиғ ҳар рӯз бо чашми сарам медидам, ки чӣ тавр модарам бо мардони пулдор ишқварзӣ мекунад ва нафратам меомад. Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе ман ҳам ба мисли модарам тардомону фоҳиша шуда, даст ба дасти мардон мегардам, вале…

Духтарфурӯш

Он шоми тақдирсӯз ҳаргиз аз ёдам намеравад. Зодрӯзи модарам буд. Дӯстони савдогараш бо туҳфаҳои зиёд ба муборакбодӣ меомаданд.

-Ин туҳфаи зодрӯзат аст ва инаш бошад, барои духтари нозанинат!-Инро гуфта яке аз меҳмонҳо, ки марди тақрибан 40-солаи афғон буд, ба дасти модарам аввал 300 доллару баъд боз 1000 доллари дигар дод.

Модарам пулро гирифта, ким-чи хел имову ишора кард, вале мани сода, ки ҳанӯз 17-ро пур накарда будам, ба маънии нигоҳҳои онҳо сарфаҳм нарафтам…

Базм то як поси шаб давом кард. Пас аз нӯшонӯшу рақсу бозии бисёр меҳмонҳои масту аласт як-як бо модарам хайрухуш карда рафтанд, вале он марди афғон дилу нияти рафтан надошт. Дастурхонро ҷамъ карда, модарам бо лабханд ба ман нигаристу гуфт:

-Холиса, ин амакат имшаб меҳмони мо мешавад, кӯшиш кун, ки ӯро хафа накунӣ.

Ба маънии гапаш сарфаҳм нарафта саволомез ба рӯяш нигаристам.

-Натарс духтарам, вай ягон кори бад намекунад, фақат мехоҳад туро оғӯш карда хоб равад…

-Хун ба сарам зада бо тамоми овоз фиғон кашидам:

-Ман фоҳиша нестам, ки ба оғӯши ин буққа дароям. Оғӯш карданӣ бошад, туро оғӯш карда хоб равад!

-Вай барои ман не, барои ту омадааст. Ҳар кас барои як шаб 1000 доллар намедиҳад, духтари сода,-инро гуфта модарам ба марди афғон рӯ овард:

-Интизор шуда меистӣ, ки кай сайд бо пойи худаш ба оғӯши ту медарояд. Вай ҳанӯз духтари хона ва мисли кабки сӯр аст, рӯйи даст бардошта бар, вагарна насиби ягон шикорчии дигар мешавад….

Ҳанӯз сухани модарам ба итмом нарасида, марди афғон мисли уқоби чӯҷагир маро озод аз замин бардошт ва ба дасту по задану доду фарёдам аҳамият надода ба хонаи хоб даровард. Вай маро бо эҳтиёт рӯйи рахти хоб партофта, дарро аз дарун маҳкам кард.

Баробари маро ба хонаи хоб даровардани афғони пулмаст садои кушода ва боз пӯшида шудани дари баромад ба гӯшам расид. Фаҳмидам, ки модарам маро бо ин буққа танҳо монда, ба мошинаш нишаста ба хонаи ягон дугонааш меравад ва дигар касе ба додам нахоҳад расид..

Шаби пурдаҳшат

Медонед, шаб то саҳар он марди афғон ба ман чӣ корҳои ҳаром кард? Вай маро лучи модарзод карда дар равшании чароғ пайкарамро хуб тамошо кард, баъд ба нею нестонам нигоҳ накарда, ҷисми бадбӯи аз хук вазнинтарашро ба рӯям партофт. Ҳамин тавр ба доду фиғонам нигоҳ накарда, марди афғон аввал духтариямро гирифт, баъд ба куҷое, ки мехост кори харомашро такрор кардан гирифт. Аз ҳуш рафтаам, намедонам дар ҳолати беҳушӣ ӯ бо ман боз чиҳо кард, вале вақте ки ба ҳуш омадам, ҳамоно дар оғӯши марди афғон будам ва ӯ мисли гурги гурусна ба пайкари ман дандон зада, гоҳ мебӯсиду гоҳе мегазид.
Фарёдзанон хостам ӯро аз худ дур созам, аммо он дарранда маро ҳеҷ раҳо кардан нахоста, “як бори дигар, як бори дигар” мегуфт…

Дидам, ки намешавад, дасташро газида фирор кардам, аммо ба дари баромадгоҳ нарасида, сарам чарх заду ба замин афтида дубора аз ҳуш рафтам…

Субҳи ғамбор

Ба ҳуш омада модарамро дар болои сарам дидам. “Духтарҷон, моро хавотир накун, охир ба ту чӣ шуд…” гӯён, рӯю мӯйи маро сила мекард. Бо нафрат ба модарам нигариста гуфтам:

-Дигар духтар дорам, нагӯй! Ту барои ҳазор доллар шуда, маро ба як афғони бадбӯй фурӯхтӣ. Аз пеши чашмонам нест шав, набошад ҳозир ба идораи милиса рафта ҳамаашро мегӯяму аз рӯят шикоят мекунам.

Бо шунидани номи милиса ранги модарам канд ва аз ҷояш як қад парида гуфт:

-Холисаҷон, фикр мекунӣ, ки ман он пулҳоро барои худам гирифтам? Ба ман ягон тинаш лозим нест. Ин ҳаққи ҳалоли ту аст, ана ин пулҳоро бигир ва дилат чизе, ки мекашад, харидан гир духтарҷон…

Инро гуфта, вай аз сумкачааш ҳамон долларҳои шаб аз марди афғон гирифтаашро бароварду ба ман дароз кард. Пулҳоро бо шаст аз дасти модарам гирифта ба таги болиштам мондам ва рӯямро ҷониби девор гардондам. Ҳамин вақт ба телефони модарам занг омад ва ӯ аз сари болини ман бархоста ба балкон баромад.

Дар пӯшида бошад ҳам, ман садои модарамро баръало мешунидам. Аз афташ одами занг задагӣ ҳамон афғон буд, ки модарам бо ғазаб таҳдидкунон гуфт:

-Худо гӯй, ки ба духтарам ягон чиз нашавад, набошад ман хоки туро бехта, дар пушти панҷара ҷоят мекунам…

Ҳамсуҳбаташ дар ҷавоб  чизе гуфт, эҳтимол барои як шаб ҳазор доллар доданашро ба рӯйи модарам кашид, вале модарам пас наомада гуфт:

-Ман ба ту иҷозат надодам, ки духтарамро мисли ҳайвон истифода бурда, азобаш диҳӣ. Дониста бош, ки ман дар ватани худам ҳастам ва ба ман бештар бовар мекунанд. Лозим шавад, туҳматро ба поят печонда мегӯям, ки ту шабона ба хонаи ман даромада, зӯран ба номуси духтарам таҷовуз кардӣ…

Намедонам марди афғон ба модарам боз чӣ қадари дигар пул ваъда кард, ки баъди чанд лаҳзаи суҳбат ӯ ором шуда, бо мулоиматӣ бо он буққа хайрухуш намуд ва телефонро хомӯш кард…

Ишқи пул

Муддати як ҳафта аз ҷоям хеста наметавонистам. Модарам дар гирди ман парвона буд ва чизе, ки хоҳам, хушомадгӯён дарҳол онро аз таги замин бошад ҳам, муҳайё мекард, то ки ба ягон ҷо шикоят накунам. Пас аз даҳ рӯз ҳолам хеле беҳтар гашт. Ба бозор рафта ба худам як гарданбанди зебоӣ тиллоӣ ва телефони замонавию сару либоси қиматбаҳо харидам. Гумон доштам, ки модарам пушаймон шуда, дигар ба ман кордор намешавад, вале хаёлам хом баромад…

Пас аз ду ҳафтаи он шоми тақдирсӯз ба ҷону ҳолам намонда, модарам маро ҳамроҳи худ ба як шабнишинӣ бурд. Марду занҳои айшпарасти зиёде ҷамъ шуда, мастона базму бозӣ доштанд. Ману модарам низ ба базми онҳо шарик шудем. Шиносҳои модарам бо зорию тавалло ба ман шампон дароз карданд. Намедонам дар қадаҳ чӣ андохта буданд, ки баъди нӯшиданаш худро тамоман гум кардам…

Умеди зиндагӣ

 Вақте ки ба худ омадам, аллакай субҳ дамида буд. Ҷавонмарди зебое, ки дар барам мехобид, маро бо меҳр бӯсида гуфт:

-Субҳ ба хайр, шоҳдухтар!

Бо дидани табассуми ширини ин ҷавонмарди қошпайванд дилам якбора гум зада рафт…

Ҳамин тавр туфайли ҳамон шабнишинӣ ману Ҷаҳонгир бо ҳам шинос шудем. Оғӯши марди афғон нафрати маро оварда бошад, дидори Ҷаҳонгир дили аз зиндагӣ ях гаштаамро дубора ба ҳаёт гарм карда, маро ошиқ кард. Ошиқи зор!

          Исёни модар

Ҷаҳонгир чизеро аз ман пинҳон надошта гуфт, ки зану фарзанд дорад, вале тайёр аст, ки маро зани дуюм карда гирад. Медонистам, ки мани доманбохтаро дигар ягон бачаи хона ба занӣ намегирад, аз он ки ин мард тайёр аст ба ман нимаи бахтро ҳадя намояд, шод гашта, розигӣ додам. Мехостам поку ҳалол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд ва хонаю дар гардам, аммо модарам хостгории Ҷаҳонгирро қабул накарда, садди роҳи ишқи мо гашт. Эҳсос мекардам, ки зан доштани Ҷаҳонгир танҳо баҳона аст, дар асл модарам намехост сарчашмаи даромадашро аз даст диҳад…

            Ҳамболи орзу

Ман маҷбур будам аз модарам пинҳонӣ бо Ҷаҳонгир мулоқот кунам.  Бо баҳонаи ба хонаи дугонаам рафтан аз хона мебаромадаму ҳамроҳи ошиқам ба Варзоб, Ромит ва дигар ҷойҳои зебо тамошо мерафтам. Ҷаҳонгир аз ман чизеро дареғ намедошт, пулу мол, зару зевар, меҳру муҳаббат. Вай қариб ҳар рӯз ба ман туҳфаҳои зебо тақдим намуда, хоҳиш мекард, ки бо ягон кас ҳамхоба нашавам. Мо бо ҳазорон орзую умед нақша мекашидем, ки дар як гӯшаи шаҳр хона харида, зиндагии поку ҳалол бунёд менамоем, аммо…

             Доми ҳила

Як шом модарам хоҳиш кард, ки ҳамроҳаш ба шабнишинӣ равам, вале ман розӣ нашуда гуфтам, ки поямро аз дар ба берун намемонам, рафтанӣ бошад, худаш рафтан гирад. Вай хеле кӯшиш кард, ки маро ба гап дарорад, вале сар нафаровардам. Модарам чун дид, ки маро ба гап дароварда наметавонад, либосҳояшро пӯшида сару соз кард ва “Ман дер меоям, дарро маҳкам карда хоб рав” гӯён, баромада рафт. Дар дил хурсанд шудам, ки танҳо монда, то нисфи шаб бо Ҷаҳонгир чақ-чақ мекунам, вале…

Боз як шаби кулфатбор

Қариб то соатҳои 12-и шаб бо Ҷаҳонгир телефонӣ суҳбат кардам, баъд сару рӯямро шуста ба бистари хобам даромадам. Нав ғанабам бурда буд, ки садои тақ-тақи дар баромад. Дарро кушода модарамро бо ду меҳмони нохонда дидам.

-Шинос шав духтарам, инҳо дӯстони нави ман аз Афғонистон! Бисёр тоҷирони номдор ҳастанд,-меҳмононро шинос кард модарам.

Аз дил гузарондам, ки модарам пир шуда, торафт девонатар шуда истодааст ва базӯр ба меҳмонҳои нохонда салом дода, ба хонаи хоби худам даромадаму дарро аз дарун маҳкам кардам. Нав ғанабам бурда буд, ки дасте ба баданам расид. Аз хоб тарсида бедор шудам ва худро дар оғӯши яке аз он мардҳои афғон дида, фарёд задам:

-Ба ман даст нарасон, набошад ҳозир милисаро ҷеғ мезанам!

-Модарат ҳаққи хизмататро гирифтааст, чӣ ин қадар ноз мекунӣ?! Хоҳӣ нахоҳӣ, имшаб ту моли ман ҳастӣ, хоҳ ба зӯрӣ бошад, хоҳ ба зар ман коми диламро аз ту меситонам,-инро гуфта марди афғон боз ба ман часпид. Дидам, ки зӯрам ба ӯ намерасад, бо тамоми овоз фарёд зада ба ёрӣ хондам. Ин дам аз паси тиреза садои модарам баланд шуд:

-Холисаҷон, ин мардак пули қарзи бонки маро дод, илтимос, гапамро нашикаста ҳамин шаб ҳамроҳаш бош, дигар туро ба ин кор маҷбур намекунам…

Нав ғанабам бурда буд, ки дасте ба баданам расид. Аз хоб тарсида бедор шудам ва худро дар оғӯши яке аз он мардҳои афғон дида, фарёд задам:

-Ба ман даст нарасон, набошад ҳозир милисаро ҷеғ мезанам!

-Модарат ҳаққи хизмататро гирифтааст, чӣ ин қадар ноз мекунӣ?! Хоҳӣ нахоҳӣ, имшаб ту моли ман ҳастӣ, хоҳ ба зӯрӣ бошад, хоҳ ба зар  коми диламро аз ту меситонам,-инро гуфта марди афғон боз ба ман часпид. Дидам, ки зӯрам ба ӯ намерасад, бо тамоми овоз фарёд зада ба ёрӣ хондам. Ин дам аз паси тиреза садои модарам баланд шуд:

-Холисаҷон, ин мардак пули қарзи бонки маро дод, илтимос, гапамро нашикаста ҳамин шаб ҳамроҳаш бош, дигар туро ба ин кор маҷбур намекунам…

Ба гиряҳои зор- зори модарам дилам сӯхту лаб зери дандон гирифта, шабро бо он марди ғулмонанди бадбӯйи афғон саҳар кардам, вале…

                     Марги умед

Саҳар, баъди рафтани марди афғон ба назди Ҷаҳонгир рафта, ҳодисаи шаб аз сарам гузаштаро нақл намудам ва то дилам холӣ шудан гиря кардам. Вай маро ба оғӯш гирифта, тасаллӣ дод, ки ғам нахӯрам, Худо хоҳад, рӯзҳои наздик хона мехарад ва маро никоҳ карда мегирад. Мани ташнаи бахт бо шунидани ин ваъдаи ҷонбахш гӯё болу пар бароварда, шоду масрур ба хона омадам, аммо хушбахтиам дер давом накард. Ҳамагӣ се рӯз пас ошиқам ҳангоми бозгашт аз Ёвон ба садама дучор шуд. Бо шунидани ин хабари шум саркану покан ба беморхона давидам, аммо ба бахти сиёҳи мани бетақдир Ҷаҳонгир аллакай ҷон ба ҷонофарин супурда буд ва хешу пайвандонаш бо чашмони гирён ҷисми беҷони ӯро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” бор мекарданд.

Бо дидани ин манзараи дилрешкунанда охирин шуълаи умед дар қалбам хомӯш гашт ва ҷисми ниммурдаамро кашолакунон ба хона омадам…

           Дар гирдоби дарди танҳоӣ

Ҷисми бе ҷони Ҷаҳонгирро хешу табораш ба зодгоҳашон бурда гӯру чӯб карданд, ман бошам, як моҳи дароз мотам гирифта, бо касе гап намезадам. Корам танҳо гиря кардан буду халос, на майли ба кӯча баромадан доштам ва на шавқу ҳаваси зистан. Модарам ҳоламро дида, дигар ҷуръат намекард, ки ягон мардро ба хона биёрад ё маро ба ҳамоғӯш гаштан бо касе маҷбур созад. Дилбардорӣ карда мегуфт, ки ин қадар оби дида нарезам, чунки зиндагии ман ҳоло дар пеш аст ва албатта марде пайдо мешавад, ки дубора диламро ба ҳаёт гарм месозад. Хомӯшона ба суханони модарам гӯш медодам, вале ҳеҷ бовар надоштам, ки ягон марди дигар ҷойи Ҷаҳонгири азизамро дар дили ман гирифта тавонад. Хаёл мекардам, ки бо марги Ҷаҳонгир ҳаёт барои ман низ ба охир расид, аммо…

              Вохӯрӣ бо ҷавони араб

Пас аз як соли марги Ҷаҳонгир каме ба худ омадам ва дар рӯзи ҷашни зодрӯзам либоси мотамиро аз танам кашида, бори аввал ба тамошои шаҳр баромадам. Дугонаҳоям маро ба яке аз зеботарин тарабхонаҳо бурда, зиёфат доданд. Суҳбати дӯстон ва фазои пур аз савту навои тарабхонаро дида, баҳри дилам камтар кушодаю табъам болида гашт. Бегоҳ гулдаста дар даст аз тарабхона баромада тасодуфан бо як ҷавони зебои араб, ки  Бобурмуҳаммад ном доштааст, шинос шудам.

             Ишқи арабӣ

Аввалҳо ману Бобурмуҳаммад танҳо дӯстона суҳбат мекардем. Ба ман бо лафзи шикастаи русӣ гап задани Бобурмуҳаммад аҷиб буд, аз ҳамин хотир соатҳо ҳамроҳаш чақ-чақ мекардам. Баъди тақрибан як моҳи ошноӣ дӯсти арабам шердил шуда, маро ба мулоқоти ошиқона  даъват мекардагӣ шуд. Акнун мо то нимаҳои шаб дар тарабхона ё дискотека вақтхушӣ карда мегаштем. Одатан мардҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар аз зан коми дил ситонанд, вале ошнои араби ман чунин набуд. Вай мисли пашша хирагӣ намекард. Маҳз ҳамин хислаташ ба ман писанд афтид. Ростӣ, чӣ хел ба оғӯши ин ҷавонмарди араб даромаданамро худам ҳам нафаҳмида мондам…

            Нахли гуноҳ

Вохӯрӣ бо Бобурмуҳаммад мани баъди марги Ҷаҳонгир аз зиндагӣ дилхастаро ҳамчун зан аз нав зинда кард. Мо мисли Лайлию Маҷнун  ошиқи зори ҳамдигар гашта, тобу тоқати ҷудоӣ надоштем. Зуд-зуд мулоқот мекардем, ба сайру тамошо мерафтем, хулоса, аз ҳамдигар ҳеҷ серӣ надоштем. Пас аз панҷ моҳи ишқу ошиқӣ аз Бобурмуҳаммад ҳомиладор шудам. Аввал сахт тарсидам, ки ошиқи хориҷиам ҳомила шудани маро шунида, исён мебардорад, вале ғайричашмдошт ин хабар Бобурмуҳаммадро шод гардонд. Вай маро мисли кӯдак рӯйи дастонаш бардошта, чарх занонд, баъд ба замин монда, ваъда дод, ки ҳатман рӯзҳои наздик ба ватан меравад ва бо хешу табораш маслиҳат карда, волидонашро барои хостгорӣ ба Душанбе меорад, вале…

             Маҷнуни гумгашта

Бобурмуҳаммад як ҳафта пас ба ватанаш рафт. Пеш аз сафар ваъда дода буд, ки як моҳ нагузашта бармегардад, вале рафту бедарак шуд. Ростӣ, мо тариқи телефону интернет бо ҳам иртибот доштем, аммо ҳар гоҳ дар бораи калон шудани тифли батнам ва тезондани тӯй гап кушоям, Бобурмуҳаммад сахт асабӣ шуда мегуфт: “Если ты так силно торопишся выйти замуж, не жди меня. У меня сейчас очень много работы и для женитбы совсем времени нет.”

Ҳамин тавр аз байн панҷ моҳ гузашт. Модарам ҳар рӯз дар сарам чормағз мешикаст, ки рафта ин сағираи ҳаромиатро нест кун ё ба он араби худозада бигӯ, ки  зудтар омада тӯй кунаду туро бо худ барад. Дидам, ки ба хубӣ масъала ҳал нашуда истодааст, як бегоҳ тариқи интернет бо Бобурмуҳаммад ҷиддӣ гуфтугӯ намудам ва масъаларо дар наздаш кундаланг монда гуфтам:

-Ба занӣ гирифтанӣ бошӣ, ҳамин ҳафта омада тӯй кун, агар ин корро накунӣ, ман ба як афғон ба шавҳар мебароям. Барои он ки гапам боварибахш барояд, аз пеши худам қиссаи бардурӯғ бофтам, ки як миллионери афғон кайҳо боз аз пасам давида гаштаасту агар розигӣ диҳам, дар байни ду рӯз дар беҳтарин тарабхонаи шаҳр тӯйи дакаданг ороста, маро ба занӣ мегирад. Гумон доштам, ки бо шунидани ин гап ошиқи арабам ба ташвиш афтида, аз пайи тӯй мешавад, вале ғайри чашмдошт Бобурмуҳаммад ба ғазаб омада гуфт:

-Дар панҷ моҳ аллакай ошиқи афғон ёфта бошӣ, аз ту зани вафодор намебарояд. Метавонӣ ба ҳамон афғон расидан гирӣ, ба ман чунин зани беандеша ва сабукфикр лозим нест!

Аз гапи гуфтаам пушаймон шудам. Мехостам ба Бобурмуҳаммад фаҳмонам, ки шӯхӣ кардам, вале ӯ маро ба рӯйхати сиёҳ партофт. Дигар ҳарчанд кӯшиш намудам, на тариқи телефон ва на тариқи интернет натавонистам бо ошиқи арабам дар тамос шавам.

          Кӯдак ғайб заду…

Зор-зор гириста ҳамаашро ба модарам нақл кардам. Вай маро хуб сарзаниш карду рӯзи дигар ба таваллудхона бурд, то тифли батнамро исқоти ҳамл намояд, вале бо сабаби калон шудани кӯдак касе нест кардани тифлро ба зимма нагирифт. Ягон илоҷи аз ин ҳосили гуноҳ халос шуданро наёфта ману модарам ба тақдир тан додем.

Ҳамин тавр баъди нуҳ моҳу нуҳ рӯз писарча таваллуд кардам. Кӯдак мисли як себи дукафон ба Бобурмуҳаммад монанд буд. Азбаски ба падари ваъдахилофаш нафрат доштам, рӯйи тифламро ҳам дидан намехостам. Модарам аз афташ кайҳо бо як ошнои афғонаш гапро пазонда будааст, ки баробари таваллуд карданам гуфт:

-Холиса, агар хоҳӣ, як марди афғон туро бо кӯдакат ба занӣ мегирад. Миллионер набошад ҳам, зиндагиаш чандон бад нест. Бо ӯ гуруснаю ташна намемонӣ…

Бо ғазаб ба рӯйи модарам нигоҳ карда гуфтам:

-Ҳаётам аз рӯйи афғонҳо сӯхт. Аз бешӯӣ мурам ҳам, зани ягон афғон намешавам!

-Пас, бо ин сағераи ҳаромӣ чӣ кор мекунем?-Пурсид модарам.

-Намедонам, ман роҳгумзадаам оча. Роҳгум задаам,-гуфтам бо алам ва сарамро дошта гиря кардам…

Модарам дигар чизе нагуфта кӯдакро ба парпечи куҳнае печонд ва “хаста шудаӣ, ту хоб кун, ман зуд бармегардам” гӯён, тифл дар бағал аз хона баромад…

          Поёни роҳи каҷ

Аз хастагию асабонияти зиёд сахт монда шуда будам. Баъди рафтани модарам дарҳол хобам бурд. Намедонам чанд соат хобидам, вале як вақт садои ғалоғуларо шунида, тарсида бедор шудам. Хонаамон пур аз милиса буд, модарам бошад бо дастҳои баста қисса мекард, ки чӣ тавр барои аз шармандагӣ халос шудан кӯдаки маро ҳангоми хоб буданам аз наздам оҳиста дуздида бурдааст. Кормандони милиса ба ман ҳам чанд савол додам. Модарам бо гӯшаи чашм ишора кард, ки суханони ӯро такрор намоям. Тарсидаю ларзида ҳарчи модарам гуфта буд, ҳамонро ба забон овардам. Милисаҳо ба дастони модарам завлона зада ӯро гирифта бурданду мани нав таваллудкарда дар хонаи калон танҳои танҳо мондам.

            Ҷазои кӯдакфурӯш

Дертар фаҳмидам, ки модарам бо як зани бефарзанд маслиҳат карда, писарчаи маро бар ивази пули калон ба ӯ додан мехостааст, вале ҳангоми хариду фурӯши тифли навзод ҳарду ба даст афтодаанд.  Барои он ки маро ҳам ба ҷавобгарӣ накашанд, модарам ҳама гуноҳро ба гардани худаш гирифта гуфтааст, ки аз тарси шармандагӣ ҳангоми хоб будани ман кӯдакро дуздида овардааст.

Ҳамин тавр ҳама гуноҳҳои модарам рӯйи об баромаданд ва бо ҳукми суд ӯро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуданд.

Пеши Худованд тавба кардам

Баъди ба паси панҷара афтидани модарам дарк намудам, ки Худованд ягон гуноҳро бе ҷазо намемондааст. Модарам чанд сол бо корҳои ҳаром машғул буд ва маро низ ба роҳи бад бурда, ба ғазаби парвардигор гирифтор гашт. Дарки ин ҳақиқат мани ба гирдоби гуноҳ гирифторро ҳушёр кард ва сидқан пеши Худованд тавба карда, қасам хӯрдам, ки агар аз гуруснагӣ мурам ҳам, дигар ҳаргиз зино намекунам.

Инак, панҷ сол шуд, ки аз корҳои ҳаром парҳез карда, намозу рӯзаро тарк намекунам. Муносибати маҳрамона он тараф истад, дигар бо ягон марди номаҳрам ҳатто гап намезанам. Тамоми хешу табор аз мо рӯй гардонидаанд. Дар кулбаи эҳзони худ ба тоату ибодат машғулам. Бошад, ки Худованд гуноҳҳои мани роҳгумзадаро бубахшад!

Холиса, ш Душанбе

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply