Мукофотҳои давлатӣ ба созандагони Роғун

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти  Тоҷикистон дар остонаи ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали нерӯгоҳи «Роғун», ба шуморе аз мутахассисон ва коргарони ин нерӯгоҳ мукофотҳои давлатӣ дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  14-уми ноябр дар «Қасри Миллат» ба беш аз 100 нафар орденҳои «Шараф дараҷаи 2», медали «Хизмати шоиста», «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени «Шараф дараҷаи 2» ва медали «Хизмати шоиста» супорид.Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим бунёди «Роғун»-ро роҳи асосии ба истиқлолияти комили энержӣ расидани Тоҷикистон номида ва гуфт, ки он омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва боиси таъмин намудани сатҳи зиндагии беҳтари сокинони Рӯзи ҷумъаи 16-уми ноябр нахустин чархаи ин нерӯгоҳ ба кор медарояд. Мақомоти тоҷик ҳадафи аслии бунёди НОБ “Роғун”-ро расидан ба стратегияи табдил додани Тоҷикистон аз як давлати кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ унвон мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Мукофотҳои давлатӣ ба созандагони Роғун

  • Маҳз бо сарварии Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон НБО Роғун сохта шуд. Мо бо Президенти худ ифтихор дорем, зинда бошед — Ҷаноби олӣ — Эмомалӣ Раҳмон!

Leave a Reply