Муллоҳо дар Ваҳдат варзишгоҳ месозанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ходимони дини шаҳри Ваҳдат дар деҳаи Шоразми Ҷамоати деҳоти Чӯянгарон барои мусофирон истгоҳи замонавӣ сохтанд. Инчунин, онҳо панҷараҳои атрофи муассисаи таълимии рақами 35-ро пурра таъмир намуда, дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов як варзишгоҳ ва дар кӯчаи Меҳнати маркази шаҳр ду варзишгоҳи замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ходимони дини Ваҳдат корҳои бунёдкориро аз ҳисоби худ оғоз намуда, азм доранд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо сокинон корҳои созандагиро вусъат бахшанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply