Муллоҳои таҷовузкор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Маркази матбуоти вазорати дохила дар гузорише, ки дар барномаи телевизионии «Сипар” дар телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд, гуфт, бархе рӯҳониён худро дар ҷомиа худро афроди ботақво вонамуда карда, аз Ислом ва Шариат ҳамчун ниқоб барои амалӣ кардани кирдорҳои бадахлоқӣ ва мардумфиребӣ сӯиистифода мекунанд.

Чунин афроди манфиатҷӯву бехабар аз рисолати аслии дину мазҳаб, ба гуфтаи вазорати дохила, ба ҷомиа аз нигоҳи равониву ахлоқӣ таъсири зишт мерасонад:»Аз ҷумла барои он тоифае, ки худро дар байни мардум ҳамчун муллои ҷинбарору фолбин ва мушкилкушо муаррифӣ мекунанд, муқаддасоти дин ва арзишҳои динӣ қимате надорад.”

Аз ҷумла мақомоти милиса имоми 82-солаи масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор Мираков Давлатбек Аҳмадович, соли таваллудаш 1935, зодаи ноҳияи Раштро дастгир кардаанд. Вазорати дохила мегӯяд, Давлатбек Мираков «чанд сол боз бо ҳар гуна макру найрангҳои ба худаш хос ва дур аз мазҳабу Шариат ба сеҳру ҷоду, хондани даму дуо, қайтарма ва кушодани бахт машғул буд.”

Вазорат дар гузоришаш меафзояд, «мардумфиребиву қаллобӣ ва аз номи дини поки Ислом сӯиистифода кардани Давлатбек Мираков ин як тарафи масъала бошад, масъалаи дигар, ки басо гӯшношуниду нанговар аст, бадахлоқӣ ва мавриди истифодаит шаҳвонӣ қарор додани мизоҷон аз ҷониби ин пирамарди 82-солаи оиладор ва соҳиби 11 фарзанду 40 набера мебошад.”

Дар гузориш пораҳое аз сабтҳои видеоӣ низ истифода шудаанд, ки дар он дида мешавад, ки ин пирамарди 82-сола як зани корафтодаро ба оғӯш кашида, чанд бор аз даҳонаш мебӯсад. Дар як пораи дигари ин видео лаҳзаҳои бо ин зан алоқаи ҷинсӣ кардани Давлатбек Пираков намоиш дода мешавад. Кай сабт шудани ин навор маълум нест.

Гуфта мешавад, Давлатбек Мираков бо онки имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбат буд, дар манзили истиқоматиаш мизоҷонро барои дуохонӣ қабул карда, даст ба чунин кирдорҳои зишт мезадааст.

Худи Давлатбек Мираков дар ин гузориш ба бадахлоқӣ даст заданашро эътироф мекунад: «Як одам омад барои дуохонӣ, ҳамонро таҷовуз кардем. Одам хато мекунад яке. Худои таоло дар нуқосинамон будааст, хато кардем. Дар ҳаётамон ҳамин як бор хато кардем.”

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳамчунин мақомоти милиса дар вилояти Бадахшон Атоёров Атоёр Саодатович, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Рӯшони ноҳияи Рӯшонро барои паҳн кардани наворҳои порнографӣ дастгир кардаанд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки Атоёр Атоёров дар гузашта муовини раиси шӯъбаи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар ноҳияи Рӯшон будааст.

Атоёр Атоёров дар ин гузориш мегӯяд: «Ҳамон бачаи ноболиғе ки доим ба пешам меомад, қариб ду ё дувуним сол меомад, як рӯз пешам омад, ки барояш филми шаҳвониро сабт намоям. Ва ман барои ӯ дар диск филми шаҳвониро сабт кардам.”

Вазорати дохила мегӯяд, «вобаста ба ҳолатҳои ҷойдошта нисбат ба ин ду нафари ба ном «мулло”, ки аз номи дини мубини Ислом сӯиистифода намуда, ба ҳаракатҳои бадахлоқона ва паҳн кардани наворҳои хусусиятҳои шаҳвонӣ дошта машғул буданд, айни замон корҳои тафтишотӣ идома дорад.”

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply