Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Коҷи Фуҷия

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Дирӯз  муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ директори генералии  Департаменти кишварҳои Шарқ ва Осиёи Марказии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Коҷи Фуҷияро ба ҳузур пазируфт.

Тавре  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи дурнамои ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба сафари дарпешистодаи Президенти JICA ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply