• Administrator
  • 03.04.2019
  • 0

Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тирмиз

Имрӯз, 3 апрел дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон мулоқоти сарвазирони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре сомонаи Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, ҳайатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон бар раҳбарии Абдулло Орифов ва Қоҳир Расулзода дар нишасти 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тиҷорату иқтисод ширкат хоҳанд кард.
Ин манбаъ маълумот медиҳад, ки дар ин нишаст масоили марбут ба рушди тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, иртиботот, эенргетика, фарҳанг, кишоварзӣ ва хоҷагии об баррасӣ мегардад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner