Мушкилоти сангкашонҳои кони тиллои Зарафшон ҳал мешавад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Як гурӯҳ аз сокинони шаҳри Панҷакент алайҳи корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки онҳоро аз истифодаи  партовҳои сангу рег маҳрум кардааст, ба мақомоти вилояти Суғд шикоят бурданд.

Ин гурӯҳ, ки мегӯяд аз 300 нафар, бо шумули боркашҳо ва ронандаҳо иборат аст, солҳо партовҳои сангу реги корхонаи тиллоро барои корҳои сохтмонӣ ба мардум мефурӯхтанд ва оилаҳои худро таъмин мекарданд.

Гурӯҳи норзиён барои ҳалли мушкили худ ба чанд идора муроҷиат карданд ва ахиран ба қабули Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, рафтаанд. Раиси вилоят дастур додааст, мушкили сокинони Панҷакент, ки корхонаи тиллои Зарафшон онҳоро аз кашондани санг маҳрум кард, фаврӣ ба фоидаи сангкашонҳо ҳал шавад.Аз вилоят як комиссия омада, ҷойи корро дид ва зараровар набудани онро таъкид кард. Феълан ин гуруҳи сокинони шаҳри Панҷакент бесаброна ҳафтаи ояндаро интизоранд, то дубора ба ҷойи корашон баргарданд.Корхонаи тиллои “Зарафшон” корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин буда, 75 дар сади саҳмияҳояш ба як ширкати хусусии Чин ва 25 дар сад ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply