Мутахассис тайёр мекунем, аммо ба кор намегиранд

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳаётой Мӯъминова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ китоберо таҳти унвони «Нақши занон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон» ба табъ расонид. Суҳбати мо бо сарояндаи маъруф дар атрофи ин китоб ва вазъи кунунии санъату фарҳанги кишвар сурат гирифт, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мегардонем. 

 — Мехоҳам суҳбатамонро аз суоли маъмулӣ оғоз кунам. Солҳои охир машғули чӣ кор ҳастед?

— Албатта, машғули корҳои эҷодӣ. Фақат каме самти роҳамро иваз кардам. Баъди хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ пурра ба Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гузаштам ва ба тадрис машғулам.

-Шумо хеле дер ба аспирантура дохил шудед. Чӣ шумо – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро водор кард, ки рисолаи номзадӣ таълиф кунед?

-Зиндагӣ тазодҳои аҷиб дорад. Чандин сол қабл раёсати донишкадаи санъат мо чанд нафар ҳунарпешаҳои халқиро барои машварат ба шӯрои илмии донишкада даъват карданд. Ман, ки хатмкунандаи ин донишкада ҳастаму чандин сол дар ин даргоҳ дарс гуфтаам, аз барномаҳои дарсиашон огоҳ будам. Ин барномаҳо дар замони Шӯравӣ таълиф шуда, бо вуҷуди чанд сол гузаштан аз мустақилияти кишвар иваз нашуда буданд. Донишҷӯёни донишкадаи мо дар бораи эҷодиёт ва сабки композиторон ва устодони машҳури шӯравӣ, барои мисол Шаляпин, Зикина дарс мегирифтанд, аммо дар мавриди нобиғаҳои санъати худамон не. Бинобар ин, ман пешниҳод кардам, ки дар барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид карда шавад ва мо сабки эҷодии Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Тӯҳфа Фозилова, Шоиста Муллоҷонова барин устодони худамонро ҳам ба барнома ворид кунем. Ин пешниҳоди маро олимон хуш қабл накарданд ва ҳатто якеашон гуфтанд: «Шумо олими соҳаи санъат нестед, беҳтар аст ба кори худ машғул шавед, суруд хонед». Ин гап ба ман ниҳоят алам кард.  Аммо ман ҳеҷ вақт ҷангҷол намекунам, бинобар ин, чизе нагуфтам. Баъди чанд вақт қабули довталабон ба аспирантура оғоз шуду аз кафедраи худамон ман ҳуҷҷат супоридам. Гарчанде талаботи қабул то синни 35 буд, аммо маро қабул карданд. 3 сол таҳсил карда, дар муҳлати пешбинишуда дар мавзӯи «Нақши занон дар рушди фарҳанги мусиқии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардам.

 -Рисолаи докторӣ ҳам ҳимоя мекунед?

-Не. Ҳимояи ман барои гирифтани унвону обрӯ набуд, балки ба он хотир буд, ки ман иҷозаи лексияхонӣ бигирам. Ман тарбиядидаи мактаби Барно Исҳоқова ҳастам, таҷрибаи бойи гузаштагонро хостам ба имрӯзиён расонам.

— Барои шумо, баъди солҳои дурӣ аз илм, китобхона нишастану асар навиштан душвор набуд?

-Медонед, ман дар  миёни ин нобиғаҳо калон шудам, ба воя расидам ва аз рӯзгорашон огоҳам, бинобар ин, ба ман душвор набуд. Мутаассифона, илми мо ҳанӯз устодони моро дуруст нашинохтааст. Масалан, дар рисолаҳои то имрӯз таълифшуда омадааст, ки аввалин зани операсарои тоҷик Ҳанифа Мавлонова аст. Аммо ҷое таҳлил нашудааст, ки ӯ дар кадом опера муваффақ буд? Услуби кори вай чӣ тавр буд? Оё шумо хабар доред, ки ӯ аввалин зан-профессори санъати тоҷик буд? Эшон солҳо мудири кафедраи овозхонии академии Институти санъат буданд. Ё дар бораи Барно Исҳоқова ва сабку салиқаи хоси эҷодии вай. Гарчанде ки  муаллима маълумоти мусиқӣ надоштанд, аммо тамоми сурудҳои «Шашмақом»-ро иҷро кардаанд. Ҳатто дар Ӯзбекистон касе мисли вай «Чӯпонӣ» ё «Бебокча»-ро  иҷро накардааст. То имрӯз  дар Осиёи Миёна нафаскаши авҷи баланд дар пояи Шоиста Муллоҷонава нест. Инҳо нотакрор буданд. Мо онҳоро қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ додем. Бинобар ин, вақти таълифи рисолаи илмӣ ман камтар ба матолиби нашршуда такя кардам.

-Бубинед, шумо номи онҳоеро мегиред, ки мо қадр накардем, сарнавишти аксари инҳо талх шуд…

-Бале, рафтани инҳо барои санъати мо талафот буд.

Санъаткорони муҳоҷир

-Охирин мулоқоти худро бо Барно Исҳоқова  ёд доред?

-Албатта! Чанде қабл аз рафтани муаллима овоза шуд, ки Барно-ойтӣ ҳам мераванд. Ман хабаргирӣ рафта, пурсидам, ки муаллима меравед? Посух надоданд.  Гуфтам, ки  наравед, гирист…

Ӯ инсони аҷиб буд. Дар як ҳафта се маротиба мо бо эшон дарси инфиродӣ доштем ва як маротибаи ин дарс рӯзи ҷумъа дар хонаи он кас мегузашт. София Бадалбоева барои ҳамаи мо хӯрок мепухтанд. 5 сол, ҳар ҳафта, дар ҳамин рӯз эшон барои мо мизро идона оро медоданд ва то хӯрокро нахӯрем, ҷавоб намедоданд. Ҳозир зиёд фикр мекунам, ки ин барои чӣ буд? Ба хулосае омадам, ки ба хотири он ки ҷавонони ноҳияҳои дурдаст, хӯроки хонаро пазмон мешуданд ва Барно-ойтӣ чун модар мехостанд, ки онҳо худро ақаллан як маротиба дар хона эҳсос кунанд. Ё шояд ба хотири муттаҳид кардани мо буд.

Барно Исҳоқова бо Ҳаётой Муъминова ва шогирдонаш

-Ҳамчун мутахассиси соҳаи санъат мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозед. Мо Баласанян – муаллифи аввалин операи тоҷик «Шӯриши Восеъ»-ро композитори тоҷик гӯем ё арманӣ? Барно Исҳоқоваро яҳудӣ гӯем ё тоҷик? Юрий Тер-Осипов – муаллифи оҳанги суруди «Муҳаббат»-ро рус гӯем ё тоҷик?

-Тоҷик, албатта, зеро инҳо барои санъати мо кор карданд, заҳмат кашиданд. Масалан, Барно-апа фақат ба забони тоҷикӣ сурудааст.

-Ҷавонони  боистеъдод миёни шогирдонатон ҳастанд?

-Пур. Соли гузашта аз 16 нафар хатмкунандаи мо 1 нафар баҳои 4 гирифт, дигар ҳама баҳои 5. Мутаассифона, ба ғайр аз ду нафари онҳо ягон нафарашон ҷойи кор наёфтанд. Ҳоло дар Русия, дар Магнитогорск, Сибир муҳоҷиранд.  Ба ман алам мекунад, ки 5 сол заҳмат мекашем, мутахассис тайёр мекунем, аммо муассисаҳои давлатӣ онҳоро кор намегиранд.

«Он сӯйи қиссаҳо»-и «Овози тиллоӣ»

-Шумо чандин сол ба сифати ровӣ ва сарҳаками барнома- озмуни «Овози тиллоӣ» фаъолият кардед, аммо ба таври мармуз ин барнома баста шуд. Сабаб чист?

«Овози тиллоӣ» лоиҳае буд, ки ба Зевар Давлатова роҳбари вақти телевизиони «Баҳористон» тааллуқ дошт. Вақте Зевар аз «Баҳористон» рафтанду роҳбарият нав шуд, лозим надонистанд, ки барнома ба ин шакл пешниҳод шавад. «Овози тиллоӣ» баста нашудааст, он ба шакли нав – «Парвин» сабт мешавад.  Аммо ин лоиҳа дар сарнавишти «Баҳористон» нақши калон гузошт. Маҳз «Овози тиллоӣ» ин шабакаро маъруф кард ва даҳҳову садҳо соҳибистеъдодро муаррифӣ кард. Дастпарварони ин барнома имрӯз санъаткорони мустақил шуданд.  Маҳз ба василаи ин барнома мактаби мусиқӣ, коллеҷҳои санъат аз нав фаъол шуданд. Падару модарон дарк карданд, ки суруду мусиқӣ барои инкишофи фарзандонашон зарур аст. Муаллимони суруду мусиқӣ, ки солҳо бекор буданд, аз нав фаъол шуданд.

-Баъд аз «Овози тиллоӣ» «Он сӯйи қиссаҳо» ном барномаеро дар «Сафина» таҳия мекардед, ки он ҳам умри дароз надид…

-«Он сӯйи қиссаҳо» барномаи муаллифии ман буд. Режиссёри он Орзу Исоев аст. Ин барнома аз рӯзгори занони бузурги таърихи миллати мо ҳикоя мекард.  Масалан, яке аз барномаҳо дар бораи Хотуни Бухоро буд, ки баъди марги шавҳар 20 сол давлатдорӣ кард ва дар замони ӯ занҳо хеле мавқеъ ёфтанд. Аммо ин барномаро ҳам қатъ карданд. Пас аз ин банда барномаи «Дугонаҳо»-ро мебурдам. Гӯё хандаи ман ба кадом «одами боло» писанд намеояд ва барномаро қатъ мекунанд. Аммо сабаби қатъ шудани ин барнома дигар аст. Дар яке аз барномаҳо сухан аз сарнавишти занони санъаткор рафту ман гуфтам, ки бештари занони санъаткор дар саҳна муваффақ, аммо дар ҳаёт муваффақ нестанд. Баъди ин барнома ва роҳи ман ба телевизион қатъ шуд. Аммо ин гап ҳақиқат дорад.

-Яъне, шумо имрӯз барои телевизион чеҳраи нохушояндед?

-Бале. Қариб се сол аст, ки маро ба ягон барнома даъват намекунанд.

 -Гуфтед, ки бештари занони санъаткор дар ҳаёти оилавӣ муваффақ нестанд. Сарнавишти шумо чӣ гуна сурат гирифт?

-Хушбахтона, ман шавҳари санъаткор дорам. Эшон маро, касби маро дарк мекунанд. Мо соҳиби се фарзанд ҳастем. Ҳоло шавҳарам ҳамкорам мебошанд.

Медонед, барои зан – санъаткор хеле душвор аст. Санъат талаботи сангин дорад, фидоӣ буданро тақозо дорад. Ҳама розӣ намешаванд, ки ҳамсарашон ё фарзандашон ба ин роҳ равад.

-Аммо падару модари шумо розӣ шуданд…

-Не…не. Падару модари ман дар ибтидо умуман розӣ набуданд.  Ман аз 15 — солагӣ рӯйи саҳна ҳастам. Дар чорабиниҳои мухталиф баромад мекардам. Чандин маротиба Лауреати «Бӯстон» шудам. Он солҳо Меҳрубон Назаров вазири маданияти Тоҷикистон буданд. Соли 1980 вақте мактаби мёнаро хатм кардам, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи тиббии Одесса супоридам.

Аммо номи ман ҳамчун Лауреати чандин чорабиниҳо дар рӯйхати вазорат буд ва маро ҳамчун кадри оянда дар  Институти санъат интизор буданд. Ҳамон соле, ки  хатм кардам, Меҳрубон Назаров ректори институт шуданду Султон Мирзошоев вазири маданият.

Вақте рӯйхати доваталабонро дида, номи маро намеёбанд, ин ду бузургмард ба кофтукови ман мебароянд. Падарамро ба район даъват карда, маро суроғ мекунанд. Он кас посух медиҳанд, ки духтари ман бо хоҳиши худ ба “мединститут” ҳуҷҷат супорид.

Як рӯз аз консултатсияи имтиҳони дувум мебаромадам, ки як мошин дар наздам истода, аз дохилаш як кас фарёд кард:

-Эй духатари регарӣ. Ту дар куҷо мегардӣ?

Бинам Меҳурбон Назарович. Он кас ба ман дурудароз суҳбат карда, талқин мекарданд, ки ҳуҷҷатҳоямаро ба Институти санъат супорам, аммо ман аз тарси падар розӣ намешудам. Хулоса он кас апаамро ки дар Донишкадаи омӯзгорӣ таҳсил мекард, ҷеғ зада, суҳбат мекунанд. Ҳамин тавр, апаам розӣ шуд. Мо ҳарду пинҳонӣ аз падару модарам ҳуҷҷатҳоро аз Донишгоҳи тиббӣ гирифта, ба Институти санъат бурда супоридем. Хулоса, имтиҳон тамом шуду ман дохил шудам. Баъди ин ба хона рафтем.

Падарам хурсанд: -«Духтари ман ба Одесса дохил шудааст, духтури зур мешавад» — гуфта, ифтихор мекунанд. Модарам ош пухта дар курта намеғунҷад. Баъди чанд лаҳза апаам гапро аз дур сар карда ба модарам гуфт, ки «Ҳаётой ба мединститут не, ба Институти санъат ҳуҷҷат супорид».

Модарам бо оташкоб ба тахтапуштам  заданд ва нишаста -«вой шарманда шудам»- гӯён гиристанд. Апаам гурехтанд, ман бошам зор-зор мегиристам. Тағоям ин лаҳза ин хабарро ба падарам расонида, ӯро ором мекунанд. Ҳамин тавр, падарам маро наздашон ҷеғ заданд. Ман ларзида-ларзида рафтам. Он кас аз ман пурсиданд:

-Ту ҳоло зебо, ҷавон, дар район касе нест, бинобар ин ба ту қарсак мезананд. Ҳамаи ин гузарад- чӣ? Муваффақ нашавӣ, чӣ кор мекунӣ?

-Муаллим мешавам, — посух додам ман.

Баъдан, ба он кас фаҳмонидам, ки хатмкунандагони шуъбаи мо метавонанд, ҳам санъаткор шаванду ҳам муаллими мусиқӣ. Баъди ин падарам ба ман дуо доданд.

-Вақте шумо муаллима неву  маъруф шудед, падару модаратон нисбати эҷодиёти шумо чӣ андеша доштанд?

-Модарам то дер розӣ набуданд. Як маротиба гуфтанд: «То замоне ки ту маъруф нашудиву ба дили мардум роҳ наёфтӣ, ман ба маъракаҳои мардум сарамро баланд карда намедаромадам. Вақте «Модари Ҳаётой омад» мегуфтагӣ шуданд, сарамро бардоштам. Аммо ҳамеша метарсидам, ки бигӯянд: «Модари артист омад».

Аз бувам мепурсидам, ки магар артистӣ бад аст, магар Барно-ойтӣ Исҳоқова, Шоиста-апа Муллоҷона бад ҳастанд?

Он кас мегуфтанд:

-Ҳама Барно-ойтиву Шоиста-ойтӣ намешаванд…

Имрӯз ҳам гарчанде як зумра падару модарон монеи санъаткор шудани духтаронашон ҳастанд, аммо аксарият тарафдоранд. Падару модарон худашон ҳуҷҷатҳои духтарашонро оварда, ба овозхонӣ месупоранд. Ин хеле хуб аст.

Гапи ҳақро гӯӣ радикал мегӯянд 

-Мехостам ба як масъала равшанӣ андозед, чаро онҳое, ки ба санъат иртибот надоранд, имрӯз машҳур мешаванд?

-Шумо камбудиро дар сарояндаҳои касбӣ мебинед?

-Ман намедонам, шумо мутахассис ҳастед. Чӣ сабаб мешавад, ки «Мӯйҳота шапуш задай» ё «Банга назан, пук мешай, сағера» барин «суруд» дар интернет даҳ ҳазор «просмотр» мегираду як суруди академӣ ё бо оркестр  ҳамагӣ даҳ?

-Барои он ки завқи мардум паст шудааст. Ин бадбахтӣ аст. Мутаассифона, телевизиону радио барои чунин «сарояндаҳо» ва сурудҳо минбар медиҳанд. Барои он ки системаи санъат дар дасти онҳоест, ки худашон дар ҳамин сатҳанд.

-Шумо сурудҳои барномаи солинавии телевизионро шунидед?

-Бале, мутаассифона. Дар хонаи мо ягона нафаре, ки шабакаҳои тоҷикиро тамошо мекунад, ман ҳастам. Медонед, дар мо чӣ расм шудааст: сароянда бояд хушрӯ бошад, тамом. Ҳоло касе намепурсад, ки ба ном овозхон маълумоти мусиқӣ дорад ё не? Мактаб дидааст ё не? Мо ҳам аз чизҳои сабук сар кардем, аммо то ин ҳад не. Моро мактабҳо тарбия карданд. Бадбахтӣ дар он аст, ки агар ҳарфи ростро гӯем, радикал қабул мекунанд. Мо истеъдод дорем, аммо дар креслоҳонишастагиҳо фаросати интихоб надоранд… ва парвое надоранд.

-Фикр мекунам, ки ҳоло ягон нафар сароянда бо композиторони касбӣ кор намекунад…

-Бале. Ҳозир ҳама худаш бастакор аст.  Худи композиторон ҳам фаъол нестанд. Қаблан композиторон барои сарояндаҳо бевосита суруд эҷод мекарданд. Ман хушбахтам, ки Шарофиддин Сайфиддинов ва Хайрулло Абдуллоев барин композиторҳо барои ман махусус суруд навишта, кофта меомаданд, ки бояд Ҳаётой сарояд.

Сирри дурӣ аз саҳна

— Шумо тӯйгардӣ мекунед?

-Бале. Агар тӯй набошад, ман аз куҷо зиндагӣ мекунам?

 -Барои ин суол қаблан узр мепурсам, аммо чаро фақат либоси сиёҳ мепӯшед?

-Шумо шояд маро рӯзи либоси сиёҳпӯшиам мебинед. Масалан, дирӯз сабз пӯшида будам. Аммо бештар сиёҳ мепӯшам. Ба фикрам ба ман мезебад. Дигар ин ки сериву пурриамро пинҳон мекунад. (механдад).

-Ҳамин сериву пуррӣ оё бароятон боре монеа шудаст?

-Бале. Ба  ҳамин хотир маро аз саҳна дур карданд. Рӯйрост гуфтанд, ки дагар набарояд, саҳна ба мо ҷавонҳо даркор… Аммо фақат дар мо чунин фаҳмиш вуҷуд дорад, дар ҷаҳон не. Монсеррат Кабалеро бинед, маликаи операи ҷаҳониро…

-Яъне, солҳои охир шуморо бо консертҳои давлати даъват намекунанд?

-Не, хеле сол шуд.  Масалан Вазорати фарҳанг, мегӯяд ки ӯро ба ягон маҷлис даъват накунед, коллегия ҷеғ назанед, ки ӯ гап мезанад.

-Шояд сабаби аз ансамбли “Чаман” рафтанатон ҳамин буд?

-Бале. Дар ансамбл муҳите ба вуҷуд омад, ки бояд ман мерафтам. Ба хотири ман ягон нафари моро ба консертҳо даъват намекарданд. Ман аввалин зан-роҳбари ин ансамбл будам, ки 21 сол роҳбар будам. Кифоя аст. “Надо уметь уходить красиво”.

Мусоҳиб Одил Нозир

«Тоҷикистон»


Поделиться новостью в социальных сетях:

7 комментарий

  • 1. Дар барномаи Овози тиллои бисёр кудакони тиллоиро орзуҳояшонро барбод дод.
    2. Дар барномаи Овози тиллои монополист буд ва худро шоху табъро вазир мегирифт.
    3. Дар экрани телевизион фикр мекард аз Ҳаётой одами хушру нест. Акнун Монсеррат Кабале ки ҳасту Ҳаётой ки аст. Ёбу гир. О Хонуми хушгили гурухи Авестара бубин. Аз экран қайчӣ назаданд ку.
    4.

  • Садои хуш дорад, неки камбудиш да хаминай ки бисёри бад даханша гиз мекунаду дандоноша нишон метия. Ба гуфтаи худш хандаш бланди бадай. Дар сахна скромный нест. Ба хотири Зевар Давлатова да Бахористон рахш додану ика худша реклама кард. Зевар Давлатова ба Телевизиони Сафина омад ира низ бо худ овар ва ин да ича ду барнома кард Зевар ки аз Сафина рафт Хаётой аз ЭКРАН рафт. Ношукра бин мега мара ай вазифам гирифтан о ноинсоф 23 сол аку як ансамблда рохбари кади бас нестайта ки бо мегуй «Надо уметь уходить красиво» . Одами баднафсро нони дахонаш ….

  • Воҳ бачат ҳафта шава Ҳаётой. Ростша бгу Диссертатсията ки навишт? Ман бо тамоми вуҷудам савганд мехурам ки мустақилона аз таҳлили як ҷумла намебароед ҳол он ки мегуйед рисолаи номзади навишта ҳимоя илм намудам.

  • Аку, апаи Хайётой, вакти дамгири ва хамзамон тавбаю надомат расидааст. Хуб кор кардед, хуб хофизи кардед, хуб рохбари кардед, сафархои хунарии зиёд кардед. Наберабони хам яке аз рисолатхои неки бибихо аст. Рисолати азалиро ба чо роед.

  • Шакара камаш хуб. Хаётойапа камтар хандед. Дар ин сину сол чиддитар будан ба шумо зебанда аст.

  • Дар сурати болои ман Саодат Умароваро шинохтам, ки истеьдоду овозаш хазорон бор аз Хаетой болотар буд. У кучо бошад?

  • Њайётой-апа!
    О монед, љавонњо њам рўйи сањна оянд. Њамасола њазорон љавон донишгоњу донишкадаро хатм мекунанд, аз сабаби норасоии љойи кор ба муњољирати мењнатї мераванд калонсолон ба нафаќа њам баромада бошанд, курсиро бо ду даст медоранд. Њам аз давлат нафаќа мегиранду њам мехоњанд, ба муассисањои давлатї кор карда маош гиранд. Бас аст. Њоло навбати љавонњост!

Leave a Reply