Набимуҳаммад Хоркашов Кодекси одоби варзишгарро риоя накард…

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Аз гузориши Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 12 феврал  баргузор шуд, хулоса баровардан мумкин аст, ки фаъолияти Кумита дар соли ҳисоботии 2017 чи дар самти тарбияи ҷавонону корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чи дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш қаноатбахш будааст.

Аз ҷумла, дар самти ободкорӣ аз ҷониби қумита дар кӯчаи Гагарини шаҳри Душанбе гулгашти «Ҷавонӣ» бунёд гардида, ба василаи 1246 шанбегӣ қариб 100 га замин обод карда шуда, дар он 598007 бех ниҳоли ороишию сояафкан, мевадиҳанда ва гул буттаҳо шинонда шудаст. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои Кумита майдончаи варзишӣ бунёд гардида истодааст. Боз бунёди  як майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Сино ба назар гирифта шудааст.

А. Абдуллозода доир ба самти дастовардҳои варзишӣ сухан гуфта, иттилоъ дод, ки др соли 2017 ба хазинаи варзиши кишвар 425 медал (121 тилло, 116 нуқра ва 188 биринҷӣ) ворид шудааст. Ин нишондод нисбат ба соли 2016 177 медал бештар мебошад. Ӯ ба саволи «Чаро Набимуҳаммад Хоркашовро Кумита ба чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Сочии Русия сафарбар накард?» посух дод, ки «масъалаи мазкур тавре нест, ки ин варзишгар дар мусоҳибааш дар баъзе расонаҳо Кумитаро интиқод намуда буд. Хоркашов дар машқу тамринҳои дастаҷамъӣ иштирок накард ва ҳатто дар мусобиқаи байналмилалии Тошканд, ки ба  ҳайати мунтахаби Тоҷикистон номнавис шуда буд, ширкат наварзид. Ин амали ӯ вайрон кардани муқаррароти Кодекси одоби варзишгар ба шумор меравад. Аз ин сабабҳо Н. Хоркашов бо мунтахаби кишвар сафарбар нашуд. Аммо ӯ худ маблағ пайдо карда. дар чемпионат бомуваффақият зӯрозмоӣ карда, ҷойи дуюм ва медали нуқраро ба даст овард, ки боиси ифтихори ҳамагон аст. Итминон дорам, ки ҳамкории минбаъдаи ду ҷониб хеле самарабахш хоҳад буд».

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Набимуҳаммад Хоркашов Кодекси одоби варзишгарро риоя накард…

  • «победителей не судят» -«однозначно» ифтихори миллат.

Leave a Reply