Нахуспирӯзии «Истиқлол» ва мусовии «Помир»-у «Хатлон»

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

10 марти соли равон Чемпионати XVII Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи  олӣ аз нахустбозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) ва «Хатлон»  (Бохтар) оғоз гардид. Дар ин бозии диданӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт, ҳисоби 3:1 ба фоидаи душанбегиҳо ба қайд гирифта шуд.

Чемпиони шашкаратаи кишвар «Истиқлол» аз дақиқаҳои аввали вохӯрӣ ташаббусро ба даст гирифта, ҳисобро кушод. Муаллифи голи аввалин Шериддин Бобоев дар дақиқаи 37-ум тӯби дуюмро ба дарвозаи ҳариф ворид намуда, дубли нахустини чемпионатро иҷро намуд.  Голи сеюмро бозигари нави даста Комрон Турсунов муаллиф шуд.

Меҳмонон фақат дар қисми дуюм тавонистанд, ки як тӯби ҷавобиро аз зарбаи 11 метра зананд.

Тимҳои КМВА «Помир» ва «Хуҷанд» натиҷаи вохӯриашонро мусовӣ 3:3 карданд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply