Нахустин корти сабз дар таърихи футбол

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Гап-гапи пешниҳоди корти сабз дар бозии футбол дар баробари кортҳои зарду сурх чандин солҳо пеш ба миён омада, аммо аз ҷониби мутахассисони футбол ва ФИФА дастгирӣ наёфта буд.
Акнун ин падидаи ҷолиб дар таърихи футбол бори нахуст ба вуқӯъ пайваст. Ҳафтаи гузашта зимни бозии дастаҳои «Виченса» ва «Виртус Энтелла» дар чемпионати лигаи В-и Италия футболбози «Виченса» Кристиано Галано тӯбро ба сӯйи дарвозаи ҳариф зад, ки он аз майдон берун шуд. Довар дарҳол тӯб кунҷӣ таъин кард. Вале Галано ба ӯ фаҳмонд, ки аз ҳарифон ягон кас ба тӯб нарасидааст. Довар тӯби кунҷиро бекор карда, ба Галано барои бозии ҳалолаш корти сабз туҳфа кард.
Кортҳои сабз барои fair play дар мусобиқаи лигаи В-и Италия аз мавсими имсола ҳамчун санҷиш ҷорӣ карда шудааст. Довар дар ҷараёни бозӣ корти сабзро намоиш намедиҳад, балки танҳо дар протокол менаисад. Дар охири мавсим футболбозе, ки аз ҳама бештар корти сабз гирифтааст, барои бозии футбол туҳфа интизор аст.
Эмом НАЗАРОВ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply