Нархи маҳсулот дар арафаи ид боло нарафт

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Моҳи мубораки Рамазон ҳам  ба поён мерасад. Мисли солҳои пешин, дар ин давра боло нарафтани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  дар бозорҳои  мамлакат, хусусан дар бозорҳои пойтахт  ва фаровонтар  гардидани онҳо  самараи тадбирҳои андешидаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад.

Тавре   сардори Раёсати иттилоот ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  Абдумаҷид Ҳакимзода ба мухбири АМИТ «Ховар»  изҳор дошт, соли дуюм аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  баҳри пешгирии ин амали носавоб —  дар моҳи шарифи Рамазон бе ягон асос боло бурдани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал аз ҷониби бархе  соҳибкорону тоҷирон тадбирҳои  зарурӣ  андешида, бо  мақсади  таъмини фаровонии  бозорҳои пойтахт  бо ин гуна маҳсулот   аз воситаҳои самаранок истифода мебарад.

«Баҳри ғановати дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт  дар моҳи шарифи Рамазон  аз ҷониби  сохторҳои марбута  дар  ҳамаи бозорҳои шаҳр, новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ, аз болои нархи  маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, нархи  гӯшт, орд, равған, биринҷ, шакар, шир,  тухм,  картошка,  сабзӣ, пиёз ва ғайра назорати қатъӣ бурда шуд. Бо ин мақсад Комиссияи махсус созмон дода шуд, ки он  пеш аз саршавии моҳи Рамазон омодагии бозорҳои пойтахтро мавриди санҷиш қарор дод. Тибқи  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ,   Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  дар ҳамаи  бозорҳои пойтахт ва фурӯшгоҳҳо   ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуданд. Раисони ноҳияҳои пойтахт тибқи  супориши Раиси шаҳр  дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  чораҷӯӣ  намуданд», — афзуд А. Ҳакимзода.

 

Тавре мушоҳида мегардад,  айни замон  нархи маҳсулоти ярмаркаҳои доимамалкунанда нисбатан  арзонтар мебошад. Масалан,  имрӯз  дар гӯшаи савдои Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар КВД «Бозори Саховат» -и шаҳри Душанбе    10 кг орд — аз 31 то 34 сомонӣ,   макарон – аз 3 то 5,5 сомонӣ,  биринҷ аз  5,5 то 10 сомонӣ (вобаста ба навъи он),  5 кг равған – аз 47 то 50 сомонӣ, тухм аз 0,6 то 0,8, шакар — 5,5,  картошка — 2,30 — 2,6,  пиёз — 0, 5 — 0,7, сабзӣ 1 — 1,5, помидор аз 2 то 3, бодиринг аз 1, 5 то 2 сомонӣ, караму  лаблабу  аз 1 то 1,5   ва гӯшти гов  аз  34 то  36 сомонӣ нарх доштанд.  Савдогарони  дохили бозор   нархи маводи  мазкурро бо   каме фарқ, яъне  гаронтар  ба фурӯш гузоштаанд. Фаровонии маҳсулот дар ярмаркаҳои доимӣ сабаб гардид, ки ин савдогарон ҳам нархи маҳсулотро боло набаранд.

Нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал  дар дигар бозорҳои пойтахт   ҳам  (ба ғайр аз бозорчаҳои назди шаҳраку маҳаллаҳо)   аз   бозори «Саховат»   тафовути зиёд надоранд.

Нархи маҳсулоти мазкур  дар бозорҳои «Деҳқон»  ва «Фаровон»-и пойтахт   нисбатан арзонтар  мебошад.  Ҳатто дар муқоиса бо рӯзҳои аввали моҳи Рамазон нархи  баъзе маҳсулот дар ин бозорҳо поин рафтааст. Агар дар бозори «Деҳқон»   то саршавии моҳи Рамазон  як кило пиёз 2 сомонӣ ва картошка 3 сомонӣ  нарх дошт, ҳоло   картошка 2,2 — 2,7 ва пиёз 0,5 — 0,7 сомонӣ  ба фурӯш гузошта шудааст. Нархи бодиринг  1 -1, 5 сомонӣ, помидор 2- 2, 5, караму лаблабу 1-1,5  сомонӣ  аст.

Дар ин бозор на танҳо нархи маҳсулоти мавриди ниёзи  аввал, балки нархи меваҷоту сабзавот  ва маҳсулоти полезӣ  низ поин рафтааст. Сокинони пойтахт метавонанд, ки  бо нархҳои  нисбатан арзон аз ин бозор гелосу олуча, себу шафтолу, олуву қулфинай,  зардолу,  тарбузу харбуза  ва ғайраҳо харид намоянд. Хамчунин фаровонии маҳсулоти мазкур  дар ин бозор ба онҳо имкони васеъи интихоби маҳсулоти беҳтарро фароҳам овардааст.

Тавре  сармутахассиси Раёсати  рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе Дилшод Махсумов  зикр кард,  яке аз омилҳои арзониву фаровонии маҳсулот дар бозорҳои пойтахт- ин таъсис додани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот, баровардани маҳсулоти захира ва пешгирии ҳаннотӣ аз болоравии маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  алҳол барои ғановати дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт  дар Иди саиди Фитр омодагӣ дорад. Бо мақсади фаровониву арзонии маҳсулоти ғизоӣ, дар баробари дигар тадбирҳо дар ин рӯзҳо   ба бозорҳои пойтахт   маҳсулоти захира бароварда мешаванд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply