Нархи патент дар Красноярск боло меравад

ИҚТИСОД, МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вакилони Маҷлиси қонунгузори Красноярск дар бораи боло бурдани нархи патент барои муҳоҷирон дар ин минтақа қарор қабул карданд.

Чунин низоми кор дар Россия нисбати шаҳрвандони кишварҳое истифода мешавад, ки Россия бо онҳо доир ба равуои бераводид созишнома дорад. Дар ин бора сомонаи «Новости Сибири, Урала и Дальнего Востока» хабар додааст. Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Красноярск хоҳиши кор кардан доранд, бояд пешпардохти сабтшуда – 1200 рубл маблағ пардохт намоянд. Ин маблағ ба коэффисиентҳои минтақавӣ ва федералӣ, ки дар соли 2018 андозаашон мутаносибан 1,6 ва 1,7 нишондиҳандаро ташкил дод, зарб мешавад. Ҳамин тариқ, ин маблағ то 3 601 рубл меафзояд.
Вакилони маҷлиси минтақа тасмим гирифтанд, ки соли 2019 нишондиҳандаи коэффисиентро то 1,82 зиёд кунанд. Ҳамин тавр, пардохти моҳона барои шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар соли оянда 3 778,3 рублро ташкил хоҳад дод.


Поделиться новостью в социальных сетях:

7 комментарий

  • АЗ СОЛИ 2019 нархи патент дар ШАХРИ МОСКВА боло меравад то 7000 рубли Русси.

  • Ризку рузиро дар ватан йофт мешуд ягон кас ба хорича намерафт

  • Агар савод дошта бошед, дар ҳама ҷо нонатонро меёбед, Dangerous.

  • Шумо фикр мекунед ки бесаводо барои ёфтани нони худ ба хорича мераванд хато мекунед саводоро хам меравад апаи Тобон гапи хак мезани ☣Dangerous☠

  • На самом дели савод дошта боши як тика нона дар ватан хам меёби леки хорича барои зиндагиро боз хам нагз гузаронданай. Ай як тараф фикр кунем гапои апашка Тобон дурустай. Дангероус хам дуруст гуфтагияй.

  • Дуруст шахсони босавод бештар дар хориҷа зистану кору фаъолият карданро дӯст медоранд, зеро дар он ҷо барои меҳнати кардааш бештар музд медиҳанд. Аммо вақте камтар ҳам савод дошта бошед, метавонед дар Ватани худ ризқу рӯзии ҳалол ёфта, зиндагиатонро миёна гузаронед. Бубинед асарият дар ҳамин ҳоланд.

Leave a Reply