Насби дастгоҳи назоратӣ дар мактабҳои Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Дар баъзе аз мактабҳои пойтахти Тоҷикистон дастгоҳҳои махсус насб шудаанд, ки аз дарсгурезии хонандагон ба волидонашон хабар медиҳанд. Ин дастгоҳҳо ба телефони волидон тариқи замимаи махсуси интернетӣ хабар мерасонад, ки фарзанди онҳо соати чанд ба мактаб омад ваё кадом вақт аз онҷо берун шуд.

Дастгоҳҳое, ки омадан ва рафтани муҳассил ба мактабро ба волидон хабар медиҳанд, аз сӯи як ширкати мустақил дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ин дастгоҳ дар даромадгоҳи мактаб насб шуда, тариқи изи ангушт муҳассилро мешиносад.

Муҳассил ҳангоми вуруд ба дари мактаб ангушти худро болои дастгоҳ мегузорад ва дар экрани он акс ва маълумот дар бораи хонанда пайдо мешавад. Баъди чанд лаҳзаи гузоштани ангушт ба дастгоҳ аллакай ба телефони ҳамроҳи волидайн паёмак мерасад, ки фарзанди шумо соати 8:00 ба мактаб даромад.

Муаллифони тарҳ мегӯянд, вақти аз мактаб рафтан, муҳассил боз ҳам ангушташро боло дастгоҳ мегузорад ва бо ин роҳ огоҳ мешаванд, ки ӯ кай аз мактаб берун шудааст. Агар хонанда то анҷоми дарс мунтазир нашуда, аз дарс гурезад, дастгоҳ ба падару модари ӯ паёмак намефиристад ва бо ин тариқ падару модар мефаҳманд, ки фарзанди онҳо то охири дарс наистодааст. Дар ин ҳолат, инчунин, номи хонанда дар рӯйхати шахсони дарсгурези мактаб сабт мешавад.

Масъулини низоми “Назорат”, ки ин дастгоҳҳоро дар мактабҳо насб кардааст, гуфтааст,ки тамоми ҷараёни омаду рафти талабаҳо дар комютери алоҳида сабт мешаванд, ки ба он танҳо роҳбари муассисаи таълимӣ дастрасӣ дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply