• Фарзона Муроди
  • 13.02.2019
  • 0

Назарзода: Дар як моҳи соли 2019  19 нафарро баргардонидем

Ба иттилои Раёсати  ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал -майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 58 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда ихтиёран аз хориҷи кишвар баргашта, ба Шуъбаҳои  Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозир шуданд. Ба гуфти сардори Раёсат  то санаи 01 январи соли 2019 аз ҷониби мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ҳамагӣ 43 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда дастгир ва дар марҳилаи истирдод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд:

— «Соли гузашта 39 нафарро баргардонидем ва дар оғози соли 2019 алакай 19 нафарро. Албатта барои ин саҳми фаъолони ҷамоати деҳот ва маҳаллаҳо, инчунин худи волидону наздикони шаҳрвандони дар ҷустуҷубуда калон аст»-афзуд Назарзода.

Фарзона Муродӣ

 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner