Назарзода: Ҷинояткори ашадӣ ронандаи маст аст

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар соли 2017 дар вилояти Суғд  321 садамаҳои роҳу нақлиёт содир шудааст, ки аз он  107 адад садамаҳои ҳалокатовар мебошад. Дар натиҷаи ин садамаҳо 140 нафар ба ҳалокат расида, 320 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд.

Сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд, генерал майори милитсия  Назарзода Қудратулло Бобо гуфт, ки афзоиши садамаҳои ҳалокатовар бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Ҷ. Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Шаҳристон ба қайд гирифта шудааст. Назарзода оид ба ронандагони маст гуфт:“Ҷинояткори  аз ҳама ашадӣ ронандаи маст аст. Зеро дар вақти мастӣ намедонад ба куҷо ҳаракат карда истодааст, намебинад аз пеши роҳаш кӣ баромада истодааст, чароғати роҳ сурх аст ё сабз. Бинобар ҳамин ронандагони маст ҷинояткорони ашадӣ ҳастанд, ки дар ҳар қадам хавфи садама кардан, пахш намудни одамонро эҷод мекунан”.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                     Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply