Ноӯҳдабороии ронанда боиси марги пиразан шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Чуноне  ВКД хабар медиҳад, 11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 06:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хондай-Саната”, Бобоев Шаҳбоз Бозоралиевич, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи И.Сомонӣ ба самти кӯчаи Синои пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Худойбердиева Бибианор, соли таваллудаш 1939, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард, Худойбердиева Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply