• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 17.01.2019
  • 3

Ноҳияи нави Душанбе Бухоро шавад?

                                                                        (Пешниҳод)

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон он қадар макотиби таҳсилоти умумиву олӣ, пажуҳишгоҳҳову шифохонаҳо, иморатҳои сар ба фалак кашидаву дигару дигар сохта, ба истифода дода шуд, кӣ таърихи ҳеҷ як давлати муқтадири рӯи олам дар муддати маҳдуд, чунин пешравии босуботро ёд надорад.

Ҳувайдост, кӣ ин пешравии босубот, бо ташаббусу қобилиятнокии сарвари бунёдкору созандаи давлат, пешвои мардумони кишварамон, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон мебошад.      Мардумони Ирону Афғонистон, Арабистону Покистону Ҳиндустон гумон мекунанд, ки исмҳои Ҷаноби Олӣ, ҳамчун Имом Алиӣ Раҳмон, исмҳои интихобиву исмҳои сифотианд, ба монанди Аврангзебу, Ҷавоҳирлал Неҳру, Оятулло Ҳумоюниву, Маҳмуд Аҳмади Наҷоту Ҳасани Рӯҳонву Бурҳониддини Раббонӣ ва ғайраҳо. Вале исмҳои Ҷаноби Олӣ дар асл чунин мебошанд, кӣ бо амри сарнавишт ба мо насибу рӯзӣ гардидааст.                                                                                                   Ҳар як шаҳрванди ватаниро мебояд дар пайравии Ҷаноби Олӣ созандаву бунёдкор бошад, чуноне, ки Адиб Фирдавсии Тӯсӣ мегӯяд:

         Ба танҳо набошад касе сарфароз,

         Сар он шуд, ки гардад раъиятнавоз.

         Раъият чу беханду султон дарахт.

         Дарахт эй Шаҳам бошад аз бех сахт.

Як шаҳрванди зодаи пойтахти кишварамон бо исми Набиҷон баъди се соли дар Амрико иқомат доштанаш ба ватан баргашта, қариб, ки шаҳрро намешиносад. Ӯ бо забони русӣ мегӯяд, кӣ «гӯё иморатҳои шаҳр ҳамчун занбурӯғ рӯида бошанд», ки ин мояи ифтихори мо Тоҷикистониён мебошад. Давлату ҳукумат тасмим гирифтааст, кӣ дар қисмати шарқии пойтахти кишварамон ноҳияи наве бунёд намоянд. Қарзи аввалини падару модар ба фарзанд, номи нек гузоштан аст, чуноне, ки Ҳаким Фирдавсӣ аз забони Рустами достон мегӯяд:

Ба номи накӯ кушта гардам равост.

 Маро ном бояд, ки тан маргрост.

Бухоро, аз қадими дуродур ифтихори тоҷикони рӯи олам мебошад. Тоҷикони Ҳиндустону Покистону Аврупоӣ низ, бо номи Бухоро, ҳамчун пойтахти қадимаи тоҷикон, ифтихор мекунанд. Дар давлати Амрико, хиёбоне ҳаст, кӣ бо номи Балҷувон ёдоварӣ мешавад. Аз ин мебарояд, кӣ  бо амри сарнавишт, дар замони эълон намудани «дарҳои кушоди» Амрико, мардумони Балҷувону Сари Хосори ватанамон рафта дар Амрико сукунат намудаанд ва бо бузургдошти ватанашон он хиёбонро Балҷувон ном ниҳодаанд.                                                                        Бо номи одамон номгузорӣ намудани шаҳру навоҳӣ, расми русҳо мебошад, кӣ ба маданияти номгузории мо қабул гардидааст.                 Он чуноне, ки мо аз қадим Балху Тӯсу Термезу Нишопуру дигар шаҳрҳо доштем, ки ба номи одамон ҳеҷ алоқамандие надорад.   Аз рӯи расми русӣ бошад Суғди қадимаро Ленинободу Душанбеи имрӯзаро Сталинобод ном ниҳоданд. Азбаски Бухоро пойтахти қадимаву ифтихори тоҷикони ҷоҳон ба шумор меравад, барои ҳамин ҳам ба равшандилону маъорифпарварони кишвари азизамон пешниҳод менамоям, ки бо бузургдошти пойтахти нахустини тоҷикон, ноҳияи дар перспективаи ҳукумат будаи навбунёдро бо номи Бухоро, номгузорӣ намоянд, ки боиси ифтихори тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гардад.   Давлати Россия, бо вуҷуди пойтахти шаҳри Москва доштанаш, вилояти Москва низ дорад. Агар бо тарзи раъйпурсӣ низ якчанд номи сазоворро барои номгузории ноҳияи навбунёд пешниҳод намоянд, гумон мекунам, кӣ ба аксарияти равшандилону маъорифпарварони ватанӣ номи Бухоро  бештар мақбулу гуворо садо медиҳад.

Раҳмат Шералиев,

омӯзгор.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Бузургмеҳри Тоҷиддин:

    Кош, ягон номи дигар ҳам пешниҳод мекардед!

  • Шахриер:

    Кош Пешвои азизи мо собик райони Колхозчиен,ки имруз дар Панчакент якчо гардидааст баркарор мешуд.

  • Рустам:

    Бехтарин ном !барои нохияи нав!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner