• Бахтовар Сафаров
  • 10.06.2019
  • 0

Ноболиғон 46 ҳазору 800 сомонро дуздиданд

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар писарбачаи ноболиғ бо дуздидани 46 ҳазору 800 сомонӣ дастгир карда шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар ноболиғон, писарбачагони 16-17-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд. 

“Номбурдагон, рӯзи 2-юми майи соли 2019, тахминан соати 14:00-дақиқа, такроран санаи 12-уми майи соли ҷорӣ ва рӯзи 2-юми июни соли 2019, тахминан соати 11:30-дақиқа, ба хонаи истиқоматии зани 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 34000 сомонӣ, 35000 рубли ФР, 500-доллари ИМА, 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-5»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”, — омадааст дар иттилоияи манбаъ. 

Тавре манбаъ зикр кардааст, ба зани номбурда ҷамъ ба маблағи 46 ҳазору 800 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд. 

Нисбати ноболиғони мазкур парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner