Нонхӯри зиёдатӣ шудам

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Муҳаббат ном дораму дар яке аз ноҳияҳои тобеи кишвар ба дунё омадаам. Волидонам маро ба писари тағоям ба шавҳар дода буданд.

Зани тағоям аз олам гузаштаву ӯ зани дигар гирифта буд. Моиндари шавҳарам як аловдастаи тайёр буд. Аз рӯзи аввали зиндагӣ ӯ ба ман рӯй хуш надода, ҳамеша таҳқир мекард, меранҷонд, азобу озор медод.  Муддати 7 сол дар дӯзахи хушдоман сӯхта хокистар шудам, вале ба ҳамааш тоқат мекардам, то ки фарзандам бе падар ва хор нашавад. Шавҳарам ҳар сол барои таъмини зиндагӣ ба Русия мардикорӣ рафта меомад. Дар набудани шавҳарам се бародараш маро зери мушту лагад гирифта, бераҳмона мезаданд. Рӯзи дароз хар барин кор кунам ҳам, касе дар он хона ба ман рӯйи хуш намедод. “Ту барои мо як нонхӯри зиёдатӣ ҳастӣ ва ба ин хонаву дар ҳақ надорӣ” гӯён, мисли саги бесоҳиб ҳар рӯз лагадкӯбам мекарданд. Тағоям ин ҳама ранҷу азоби маро бо ду чашми сараш бинад ҳам, чизе гуфта наметавонист, чунки аз занаш мурданивор метарсид. Ин зани шаттоҳ бо ҷодугарӣ забони аҳли оиларо баста, ҳамаро ба худ тобеъ карда буд ва касе наметавонист аз хати кашидаи ӯ як қадам берун гузорад.

Билохира бо фармони моиндараш шавҳарам талоқи маро доду гирёну нолон ба хонаи падарам баргаштам. Ғами сиёҳбахтии ман модарамро ба сактаи майнаи сар гирифтор карда ба бистари беморӣ афканд.  Чанд муддат рӯйи ҷогаҳ хобида, модарҷонам аз дунё гузашт. Баъди сари модарам ба шаҳр омадам, то ки аробаи зиндагиамро мустақилона кашида, бори дӯши акаву янгаҳоям нагардам, вале тақдир боз бо ман бозии бераҳмона кард. Бар асари як ҳодисаи нохуш сутунмуҳраам осеб дид. Духтурҳо мегӯянд, ки бояд фавран ҷарроҳӣ кунам, вале ман як тини пучак ҳам надорам. Маро дарди худам не, андешаи тақдири духтарчаам ором намегузорад. Худо накарда бо ман ягон фалокат рӯй диҳад, духтарчаам тамоман бесоҳиб мемонад.

Мардум, илтимос, ба хотири фарзандам ҷони маро харида, дар табобатам ба қадри имкон ва ҳиммати худ кӯмак расонед! Ман, агар некии шуморо баргардонида натавонам, Худо онро бармегардонад!

Муҳаббат, муштарии 915-20-36-75

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

5 комментарий

  • Салом апачон ман мехохам ба шумо кумак кунам ман дар маскав хастам имо доред ман занг занам агар медоштед бисер хуб мешуд ма дар маскав хастам…

    • Шоирабону шумо ба ракамхои имои идора занг занед, мо Мухаббатхонро дар рузи муаяншуда даъват мекунем, то бо шумо хамсухбат гардад: тел: Имо, 931807781

  • Салом Мухаббат. Аз номаатон фахмидам, ки шумо ниёз ба чаррохи доред. Барои ройгон кардани чаррохи дар муассисахои давлатии тандурусти(беморхонахо, клиникахои) Чумхурии Точикистон карори №600 Хукумати ЧТ арзи хасти дорад, ки Шумо метавонед аз ин хуччати хукуки истифода баред. Барои ин ба марказхои хифзи ичтимоии чоий зистатон мурочиат кунед ва дар ин марказхо худро хамчун бекор ба кайд гиред ва онхо ба Шумо маълумотнома оиди бекор буданатон хуччат медиханд. Бо ин маълумотнома хамчун шахрванди бекор ба дилхох муассисахои тандурустии давлати барои гузаронидани чаррохи мурочиат кунед. Дар асоси карори №600 Хукумати ЧТ муассисахои тандурусти вазифадоранд чаррохии Шуморо ройгон гузаронанд, ва он нафароне, ки ба Шумо кумак мекунанд он кумакхоро метавонед барои табобататон сарф кунед. Аз ин имтиёзхо истифода баред.

  • Аз тамоми мардуми кишвар барои дастгири ва табобати Мухаббатхон, ки руз ба руз ахволашон бад шуда истодааст, хоҳиш дорем дасти кӯмак дароз намоед!

  • Истед мардум!

    Хозир пеши духтур хазорхо одамон бо дарди миён мерванд ва аксари онхоро духтурон мехоханд чаррохи карда пул гиранд. Лек ман аз тачрибаи худам ва хешовандаону дустонам медонам ки асосан миён аз качшавии сутунмухра азоб медихад. Лек дарав ба чарохи кардан майл накунед ки якумра инвалид мешвед. Бехтараш усулхои массаж, укол, алафихоро истифода баред! Накунед чаррохи ки аз хамин рузатон хам мемонед.!!

Leave a Reply