Нурулло Ҳасанов: Ҳар кас дилу гурда надорад

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Футбол ҳоло ҳам дар дунё бозии рақами 1 аст. Вале дар Тоҷикистон ба рушду нумуи он аҳамияту диққати ҷиддӣ дода намешавад. Бубинед, ки дар дилхоҳ давлатҳои Аврупою Африко камаш дар ҳар лигаашон 6-7 дастаи пурзӯру тавоно доранд, ки дар майдони футбол доди корро медиҳанд. Дар мо бошад, ягон дастаи каме мавқею шуҳрат, ҷуръату ҷасорат пайдо кард, аз пайи шикастани он мешаванд. Дидед, ки “Рашан” – у “Парвоз”, “Истаравшан” – у “Ҳосилот” – ро чӣ кор карданд? Охир ба як “Истиқлол” баҳор намешавад – ку. Ба мисли дигар сохторҳои давлатию қудратӣ футболро низ ришваборон кардаанд. Доварон ҳаромкорӣ, дурўягӣ, фиребу найрангбози доранду ҳеҷ не ки футболи тоҷик рушд кунад. Агар ба мисли ноҳияи Фархор раиси футболқимобу худнамо дошта бошем, ҳеҷ гоҳ дар музофот бозии футбол рушд нахоҳад кард. Чаро масалан дар ҳар кадом 20 лига дастаи футбол надошта бошем. Оё раиси вилояти Бадахшони Кўҳӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳояшон аз футбол қимобанд? Оё мумкин нест, ки ба мисли вилояти Хатлон ин вилоят низ фарз кардем, лигаи сеюм ё чоруми футбол дошта бошад?

Аксар соҳибкорон, тоҷирон, ҳоҷиёни сарватманд ба дастаҳои маҳаллиашон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Муъминобод низ бойбачаю сарватмандони зиёде дорад. Ду нафар аз ин ман мегуфтагиҳояш дар парламенти касбии кишвар 10-15 сол боз пинак рафта нишастаанд. Аммо барои ободии диёрашон пайсаашонро ҳайф медонанд. Як тоифаашро гуфтем, ки мактубат равон кардем, ба дастаи “Шоҳин” ёрии моддӣ расон. Медонед, чӣ гуфт: “Аз номи раисатон як мактуби расмӣ кунед, баъд маслиҳат мекунем”. Ана, бюрокративу мана бюрократия!

Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply