Оббурда ёр металабад. Багдасаров генралиссимуси Бадахшон шуданист?

Слайдер, ТОҶИКИСТОН

 Сиёсатмадор ва собиқ “спетсназоветс”, ки дар Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба амалиётҳои махфӣ машғул буд, ҳоло талаб дорад, ки аз сокинони Бадахшони Тоҷикистон ду-се баталён ташкил карда, дар Сурия, дар паҳлуи русҳо бояд ба ҷанг машғул шавем.Ин суханонро ӯ 10 апрел дар барномаи «Полный контакт с Владимиром Соловьевым” дар радиои «Вести ФМ”ба забон овард. Қаблан низ полковник Багдасаров  ба Бадахшон таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва ин пешниҳодро ӯ як сол пеш низ карда буд :«Мо кишваре дорем ба мисли Тоҷикистон, ки узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад. Дар вилояти Ҳамои Сурия шаҳре ҳаст бо номи Саламия, ки дар он ҷо як ҷамъияти бузурги исмоилиҳо зиндагӣ мекунанд. Дар 44 дарсади қаламрави Тоҷикистон дар Кӯҳистони Бадахшон 200-250 ҳазор исмоилӣ зиндагӣ доранд. Саламия як маркази таърихист. Чаро мо роҳбарони Тоҷикистон мутақоид накунем, ки 2-3 баталён ихтиёриёнро ҳамроҳ бо мураббиёну бо аслиҳа ба он ҷо нафиристанд?”. Аҷиб ин  аст, чаро ин полковнике, ки ба гуфти як ҳамватанаш, журналисти  рус Максим Шевченко “дар Тоҷикистон машғули қатли ом будааст  ва бо дастаи каллабуронаш  хуни садҳо мардуми бегуноҳро рехтааст”имрӯз ғами исмоилиҳои Сурияро мехӯрад? Боз аҷибтараш он аст, ки ӯ дар гузашта, дар ҳудуди Бадахшони имрӯза ба қавли худаш “барои Русия”  хун рехта, бо фармони махфӣ , соҳиби медали «За личное мужество”шудааст. Кӣ медонад, шояд он замон полковник маҳз ба муқобили исмоилиҳое, ки ҳоло онҳоро дар Сурия “ҳимоя” кардан мехоҳад,ҷангида буд? Аммо замона дигар шуд ва имрӯз Русия, ки барои ҳимояи Асад  ба Сурия омадааст, мехоҳанд, дар ин фронт мисли Амрико иттифоқчиёни зиёд дошта бошад. Полковники танкист ва  шарқшинос   Багдасаров низ аз иттифоқчиёни Русия талаб дорад, ки мисли иттифоқчиёни Амрико   дар паҳлуи шарики стратегиашон бошанд. Аммо…кӣ медонад,ки дар сари ин иттифоқчиён чӣ андеша аст? Багдасаров  Белорусияро танқид мекунад,ки чаро тайёраҳояшро гирифта, ба Сурия намеравад.“Русия чанд сол боз дар Сурия меҷангад, вале ягон иттифоқчии мо ҳатто як сарбозашро ҳам ба он ҷо нафиристод. Магар Белорусия, ки давлати иттифоқӣ аст бо Русия, ҳавопаймо надорад, ки он ҷо бифиристад? Ё дигаронаш магар артишу тиру тӯп надоранд?” Албатта, доранд, вале сиёсати роҳбарони ин кишварҳо шояд на ҳамеша бо шарики асосиашон мувофиқ  бошад. Ё Багдасаров мехоҳад, ки ҷанги охирини ҷаҳонӣ  маҳз аз Сурия сар шавад? Баргардем ба сари Бадахшон. Собиқ “спетназоветс” ҳанӯз амбитсияҳои бузургманишиашро пайгирӣ мекунад ва гумон дорад, ки имрӯз ҳам Тоҷикистон бесоҳиб аст . Ӯ вобаста ба Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд: “Мо дар он ҷо комилан ягон ҳузур надорем. Мо дар соли 2005 иштибоҳ кардем, ки неруҳои марзбониамонро аз Тоҷикистон баровардем… Мо хеле муддат аст, ки ба тоҷикҳо мегӯем, ки ба мо иҷозат бидиҳед, ки ба Помир дароем. Не мегӯянд. Маълум аст, ки барои чӣ моро ба он ҷо роҳ намедиҳанд.” Багдасаров зери парда  гӯшзад мекунад,ки  сабаби  русҳоро ба Бадахшон роҳ надодани тоҷиконро медонад.  “Барои чӣ бошад?” – фикр мекунед шумо ҳам. Аммо магар дарёфти  сабаби он мушкил аст? Ҳақиқат ин аст, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр аст ва ҳаргиз аз рӯи гуфтаи багдасаровҳо амал намекунад ва бар зидди манфиатҳои миллии худ нахоҳад рафт. Ё шояд танкисти собиқ нисбати Бадахшон андешаи дигар дорад, ки мегӯяд:»Ин кор шуданӣ буд, агар роҳбарони Русия исрор мекарданд, вале аз Маскав чунин пешниҳоде ба Тоҷикистон нашудааст.» Гузашта аз ин, мехоҳад байни мазҳабҳои гуногуни кишвари мо тафриқаандозӣ кунад, ки албатта, беҳадаф нест. Ана дидед, Кремл аз шумо боақлтар аст, рафиқ полковник ва чунин пешниҳодеро, ки ба иззати нафси тоҷикон мерасад, нахоҳад кард. Як полковники дигар замоне, ки русҳо қувваҳои сарҳадии худро аз Тоҷикистон берун мебурданд, гуфта буд,ки “аз уҳдааш намебароянд ва мо пас аз се моҳ бармегардем”. Инак, 13 сол мешавад, ки аз уҳдааш баромада истодаем. Полковник  Багдасаров  ҳатто аз номи исмоилиён ҳам  сухан гуфтанро омӯхтааст ва ба хабаргузори  “Спутник” гуфтааст, ки   агар Маскав кумак кунад, «исмоилиён ба ин розӣ хоҳанд шуд.” Аз куҷо чунин боварӣ? Шояд ӯ дар вохӯриҳояш бо Ҳозиримоми  исмоилиён Оғохони IV ин масъаларо матраҳ карда бошад? Аммо ҳаргиз ба ин бовар кардан мумкин нест.  Ё ин сиёсатмадор ва ё ёвагӯ, бо он ки забони тоҷикиро медонад, бо ҳар кадоме аз пайравони ин мазҳаб дар Тоҷикистон дар алоҳидагӣ суҳбат карда буд?  Инаш ҳам ғайриимкон аст. Пас, чаро ӯ ташнаи хуни тоҷикони исмоилимазҳаб аст ва аз номи онҳо баромад мекунад?

Имрӯз як идда аз сиёсатмадорони Русия, ки ба таҳримҳои кишварҳои аврупоӣ ва Амрико рӯ ба рӯ шудаанд, бо ҳар роҳу баҳона мехоҳанд дар симои дигар кишварҳо барои худ такягоҳе пайдо кунанд. Онҳо аз чунин эмиссарҳо, ба мисли Багдасаров, истифода бурда, мехоҳанд кишварҳои дигарро ҳам ба моҷарои ҷанги Сурия, ки дар он ҷо ду абарқудрат-Русия ва ИМА рӯ ба рӯ истодаанд ва  ҳамин  шабу рӯз ҳатто тайёранд  рӯирост бо ҳам ҷанганд, кашанд. Ҷаҳон дар остонаи ҷанги охирини  ҳастаӣ истодааст ва ин даъвати Багдасарови  “ғамхори исмоилиён” боз як шиша равғани иловагӣ аст, ки мехоҳад ба ин оташ партояду  дасти дигаронро “оташков”   кунад. Табиист,ки касе намехоҳад танҳо ба хотири дастгирии лафзии Русия шуда, сиёсати ин кишварро ба зарари манфиатҳои миллии худ амалан дастгирӣ кунад ва  ё барои ҳимояи манфиатҳои он кишварашро ба моҷаро андозад. Чӣ тавре ки худи полковник дар Тоҷикистон  шоҳид буд, оқибати хамаи  чангҳо  сулх аст. Ҳатто чанги дуюми чахон низ бо сулҳ тамом шуда буд. Ҳоло, ки  чахон дар остонаи чанги сеюм ва охирини ҷаҳон қарор дорад, (баъд аз ин ҷанг танҳо як сайёраи бе ҷондору сӯхтае боқӣ хоҳад монд)  багдасаровхо бо майнаи палағдаи худ дунёро ба вартаи халокат мекашанд. Ҳол он ки Сурия ниёз ба “ду баталион исмоилимазҳабони багдасаровӣ” не, балки  ниёз ба як мизи бузурги гуфтушунид дорад, ки сари он ҳамаи кишварҳои манфиатдор ҷамъ оянд .  Новобаста аз ин,  баъзе аз моҷароҷӯён барои худ аз ин моҷаро ному нон мекобанду мехоҳанд худро “генералиссимус” бинанд.  Ин амали онҳо чӣ натиҷа меорад, аз хиради роҳбарон ва тасмими марказҳои тасмимгирӣ вобаста аст,ки гумон мекунем ҷавоби сазоворе ба чунин “генералиссимусҳои” номдузд хоҳанд дод.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Врез БагдасароББаав
Имрӯз як идда аз сиёсатмадорони Русия, ки ба таҳримҳои кишварҳои Аврупоӣ ва Амрико рӯ ба рӯ шудаанд, бо ҳар роҳу баҳона мехоҳанд дар симои дигар кишварҳо барои худ такягоҳе пайдо кунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Абдумудассир, бехтараш Шумо чунин маколахо ва назрияхоро Чоп накунед, ин дастгири ва тарафдории игвогарон, хоинону душманони халку миллати Шумост, е мехохед боин маколаю назарияхо машхуру бохурмат шавед? Хеч гох хоини ватану халку миллат хурмат намебинад ва надидааст.

    • Ташаккур барои изҳори ақида, аммо ман то охир нафаҳмидам,ки мақсад аз ин гуфтаҳо чист? Агар «Багдасаровро тарғиб накунед» гуфтанӣ бошед, бояд гуям.ки ин пешниҳоди ӯро чандин миллион нафар диду шунид ва ниёз ба тарғиби ман надошт. Агар исмоилиёнро душиани миллати мо гуфтанӣ бошед, боз ҳам ғалат мекунед, зеро онҳо як ҷузъи мллати мо ҳастанд ва онҳоро дастгирӣ кардан ҳамчун ҳаммилати худамон вазифаи ману шумост . Хулоса, мақсадатонро нафаҳмидам. Дар мавриди он,ки бо чунин мақолаҳо машҳур шудан мехоҳам, боз ҳам ғалат кардед. Зеро ин мақолае нест.ки бо он машҳур шаванд.Аммо бо шумо мувофиқам,ки ҳаргиз хоини ватану миллату халқ ҳурмат намебинад. Ҳайронам,ки дар куҷои ин мақола шумо хиёнати моро нисбати миллату Ватан дидед?

  • Дар ин макола танхо пуштибони аз давлату миллат буд аммо хар кас хар хел мефахмад. Офарин ба гурури милли ва ватандустонаи Абдумудассир Ахмадзода

Leave a Reply