Огаҳии Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони корхонаҳои хусусӣ

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳа гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мақсад аз  таъсиси гурӯҳи мазкур   ба роҳ мондани ҳамкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои хусусигардонидашудаи пойтахт ва таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ  мебошад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд,  ин иқдом бо мақсади  иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» вобаста ба таъмин намудани талаботи мардум бо молҳои ватанӣ, кор ва хизматрасонӣ роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори  мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе -сарпарасти соҳа,  якҷоя  бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва гурӯҳи корӣ вазифадор гардидаанд, ки  ҷиҳати таҳлили вазъи фаъолият ва ба кор даровардани корхонаҳои хусусигардонидашудаи  пойтахт, инчунин ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ  тадбирҳои зарурӣ  андешанд.

Ҳамчунин  Раиси шаҳр бо ин қарор ба масъулин  супориш дод, ки ба  роҳбарони корхонаҳои хусусигардонидашудаи шаҳри Душанбе  ҷиҳати барқарор ва тибқи таъйинот ва мақсад истифода бурдани корхонаҳои зикргардида, қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда барои дар муддати 6 моҳ (то 1 апрели соли 2019) ислоҳ кардани камбудиҳо огоҳнома ирсол намоянд.

Бо ин қарор ҳамчунин гурӯҳи корӣ муваззаф гардидааст,  ки  дар сурати барқарор накардани фаъолияти корхона ва мувофиқи мақсад истифода набурдани қитъаҳои замини ба онҳо вобасташуда масъалаи ба манфиати давлат бозпас баргардонидани корхона ва қитъаи заминро дар асоси талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада, таклифҳо манзур намояд.  Гурӯҳи корӣ инчунин вазифадор гардидааст, ки  аз натиҷаи иҷрои корҳо  то 1 майи соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намояд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply