«Оила» дар «Имрӯз”

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

-Занакҷон, шодиёна деҳ, “Оила” дар хонаамон меҳмон мешавад!
-Оилаи бародаратон ё хоҳаратон?
-Эҳ ҳафтафаҳм, ман газетаи “Оила”-ро дар назар дорам. “Оила” биёред, гуфта ҷонамро ба лабам мерасонӣ-ку! Акнун ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа, аз соати  17: 00 то 18:00 ҳафтаномаи “Оила” аз радиои “Имрӯз” садо медиҳад.
-Мардакҷон, барвақттар биёед, ман як оши палави бомаза мепазам, ҳардуямон  хӯроки шомро хӯрда, аз шунидани бахшҳои аҷиби “Оила” роҳат мекунем!

Оши сергӯшту ҳамкории судманд

Оши бомазаи сергӯшту равғани маънавиро сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила” Фирӯза Сатторӣ ва директори радиои “Имрӯз” Худоёри Валӣ шоми  20-уми октябр дар эфири радиои “Имрӯз” бо ҳазлу шӯхӣ бо ҳам пухтанд. Ин ош ба шарафи оғози ҳамкории дуҷонибаи Радиои Имрӯз ва ҳафтаномаи “Оила” пухта шуда, Рустам Азимӣ ва Маҳинаи Давлат бо бахшҳои ҷолиби омода кардаашон ба таги деги завқи шунавандагон ҳезум мепартофтанд, корманди радиои Имрӯз Саъдии Зикрихудо бошад, кафгир дар даст тез-тез деги ошро рӯгардон мекард, то пиёзу сабзиаш насӯзад.

Дар пухтани ин оши хуштамъ, ки биринҷаш аз сухани нобу гӯшту сабзиаш аз суруду тарона буд, роҳбари ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарманди шуҳратёр Муҳаммадрафии Кароматулло ба Фирӯза Сатторӣ ва Худоёрӣ Валӣ кӯмак расонда, хотири шунавандагонро бо таронаҳои марғубу дилнишинаш шод гардонд.

Муҳаммадрафии Кароматулло:

Дар хона “Оила” мехонаму дар мошин “Имрӯз” гӯш мекунам!

 Меҳмони нахустбарномаи “Оила” дар “Имрӯз” роҳбари ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадрафии Кароматулло ба саволҳои ровиёни барномаи “Оила” дар Имрӯз” Фирӯза Сатторӣ ва Худоёри Валӣ ҷавоб гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки дар хона, фориғ аз эҷод бештар ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа менамояд, радиои мошинаш бошад ҳамеша рӯйи мавҷи 107, 4 ФМ қарор дорад ва танҳо “Имрӯз”-ро мешунавад.

Инак, пораеро аз ин суҳбати ҷолиб пешкаши хонандагони азизи “Оила” мегардонем.

-Чандест, ки ҳафтаномаи «Оила» ба ифтихори Соли ҷавонон байни ҷавонони ҳунарманде, ки дар равияҳои эстрада ва рэп суруд мехонанд, озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-ро эълон намудааст. Дар қатори 50 нафар довталабони озмун номи Муҳаммадрафии Кароматулло низ ҳаст. Шумо аз ин иқдоми «Оила» огоҳӣ доштед?

-Бале, мухлисони асилам ба ман занг зада, маро аз ин озмун хабардор намуданд. Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи касоне, ки ба ҷонибдории банда овоз додаанд ва овоз медиҳанд, миннатдории худро баён мекунам. Илоҳо дасташон дардро набинад ва то охири озмун чунин вафодор бимонанд.

Ба андешаи Шумо ҳамчун як ҳунарманди муваффақ чунин озмунҳо ба ҳунармандони ҷавоне, ки ба тозагӣ қадам ба ҷодаи ҳунар ниҳодаанд, чӣ медиҳанд?

 –“Оила” бо эълон намудани озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” кори хайреро ба анҷом мерасонад, чунки муваффақияти  ҳунармандон, хоса ҳунармандони ҷавон аз васоити ахбори омма вобастагии зиёд дорад. Санъаткор ҳамон вақт машҳур мешавад, ки ҳунараш дар байни мардум ташвиқу тарғиб карда шавад. Чунин озмунҳо имконият медиҳад, ки сарояндагони ҷавон ба мардум муаррифӣ карда шаванд, аз ин хотир ман ин иқдоми ҳафтаномаи “Оила”ро муборакбод мегӯям!

 — Дар байни довталабони озмуни «Оҳанги ҷавонӣ» ҷавонони боистеъдоде ҳастанд, ки ҷавҳари ҳунар дар вуҷудашон ҳаст, вале дастгиру мададгор ва роҳнамое надоранд. Агар яке аз чунин ҷавонон аз шумо кӯмак хоҳад, ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекунед?

Албатта, то ҳади имкон кӯмак мекунам. Ман аллакай чанд нафарро дар ин ҷода раҳнамоӣ кардаам, ҳарчанд ҳанӯз барои устод шудан хеле ҷавон ҳастам.

Муҳаммадрафӣ, тасаввур кунед, ки шумо на сарояндаи номдор, балки сармуҳаррири ҳафтаномаи «Оила» ҳастед. Ба озмун чӣ навигарӣ ворид мекардед?

Ман, агар сардабири ҳафтаномаи “Оила” мебудам, ҳар сол озмун мегузарондам, то ки мардум ба ҳунари санъаткорон баҳо диҳанд.

Шоҳҷоизаи озмуни «Оҳанги ҷавонӣ»-и «Оила» роҳхати сафар ба яке аз шаҳрҳои зебои олам Дубай мебошад. Ин ҷоиза, агар насиби Муҳаммадрафии Кароматулло гардад, аз Дубай ба мухлисонаш чӣ ҳадя меорад?

-Сурудҳои тару тоза ва клипҳои диданиро ба мухлисонам армуғон меорам. Ваъда медиҳам, ба Худо!

-Наполеон эътироф намуда буд, ки дар паси ҳар як марди машҳур сояи наҳифи зане ниҳон аст. Зан ва оила, (ман газетаи оиларо не, оилаи худатонро дар назар дорам) дар ҳаёти ситораи эстрадаи тоҷик Муҳаммадрафии Кароматулло чӣ нақш дорад?

— Ман, агар дар ҷодаи ҳунар ба ҷое расидам, ин пеш аз ҳама самари талошу заҳмати модарам аст. Ҳунар барои банда мероси падар бошад ҳам, дар ташаккул ёфтани шахсияти ман ҳамчун ҳунарманд модарам нақши муассир доранд. Хушбахтам, ки чунин модари қаҳрамон дорам. Ифтихор мекунам, ки оилаи обод ва фарзандони дӯстрӯ дорам.

-Воқеан, мухлисони Нозиябону қариб ҳар рӯз ба идораи “Оила” занг зада, сабаби камнамо шудани ӯро мепурсанд. Чаро вақтҳои охир Нозияи ширинсадоро дар саҳна хеле кам мебинем?

Нозияҷон чанде қабл фарзанди дуюмашро ба дунё оварда, соҳиби писарча шуд. Имрӯзҳо вазифаи аз ҳама асосиаш, рисолати модаронаашро иҷро кардан, аз пайи тарбияи фарзандонаш аст.

-Ба солгарди падари зиндаёдатон Кароматуллои Қурбон ҳамагӣ як моҳ вақт мондааст. Ҳар сол дар зодрӯзи падар барномаи консертӣ барпо намуда, рӯҳашро шод месохтед.  Имсол ҳам чунин нақша доред?

-Оре, мо ҳамасола шамъи хотираи падарро дар ин рӯз бо як барномаи ҷолиби консертӣ фурӯзон медоштем, вале барои имсол ҳанӯз тасмими ниҳоиро нагирифтаем. Ҳоло вақт ҳаст, агар консерт барпо карданӣ шавем, ҳатман мухлисони худро тариқи радиои “Имрӯз” ва ҳафтаномаи “Оила” хабардор хоҳем кард.

-Яке аз воқеаҳои фараҳбахши ҳафтаи сипаришуда  баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон буд. Мехостем таассуротатонро аз ин сафар бидонем.

-Ростӣ, ман чунин пазироии гармро ҳеҷ интизор намудам. Вақте оҳанги сурудам садо доду ба саҳна баромадам, тамоми толор якбора ба по хест. Мавҷи кафкӯбиҳо толорро ба ларза дароварда буд. Дар Ӯзбекистон ба шарафи ҳунармандони тоҷик бисёр як базми зебои пур аз гулу меҳру ихлос барпо шуд.  Бо таассуроти рангин ва хотироти ширин аз сафар баргаштем.

-Имсол «Соли ҷавонон» аст. Муҳаммадрафии Кароматулло ҳамчун як ҷавони эҷодкор дар ин сол чӣ нақшаҳо дорад? 

-Клипҳои навамро банду баст карда истодаам. Рӯзҳои наздик таронаҳои нави бандаро мухлисон метавонанд аз дӯконҳои фиттафурӯшӣ пайдо намуда, баҳо диҳанд. Умедворам, ки бо шунидани ин сурудҳои дилнавоз дилашон боз ҳам гармтар мешавад ва ҳар ҳафта ба ҷонибдории банда даста-даста барга мефиристанд…

Аслан, тасмим буд, ки барномаи “Оила” дар Имрӯз” танҳо як соат идома хоҳад ёфт, вале суҳбати мухлисон бо Муҳаммадрафии Кароматулло чунон гарму самимӣ сурат гирифт, ки чӣ тавр гузаштани ду соатро нафаҳмидем. Ҳаводорони ин ҳунарманди асил ҳатто баъди ба анҷом расидани барнома низ гаштаю баргашта занг зада, ба радиои “Имрӯз” ва ҳафтаномаи “Оила” барои ташкил кардани чунин як барномаи аҷиб изҳори миннатдорӣ менамуданд.

“Имрӯз” ва Оила” -мушкилкушои мардум

Радиои “Имрӯз” ва ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои худро дар ин самт густариш хоҳанд дод. Дар доираи ин ҳамкории эҷодӣ аз ин ба баъд ҳар ҳафта, шоми рӯзи ҷумъа, аз соати 17:00 то 19:00 ҳафтаномаи “Оила” аз радиои “Имрӯз” садо медиҳад.

Дар навбати худ “Оила” барои радиои “Имрӯз” саҳифаи хосае боз хоҳад кард, ки бо номи “Имрӯз дар Оила” нашр гашта, маводҳои ҷолиби ин шабакаи машҳури радиоиро пешкаши хонандагони ҳафтанома месозад. Акнун мухлисони радиои “Имрӯз” имкон пайдо менамоянд, ки дар бораи ровиёни писандида ва барномаҳои дӯстдоштаашон аз ҳафтаномаи “Оила” маълумот бигиранд ва бо рӯзгори эфирию пушти эфирии ситораҳои радиои Имрӯз аз наздик шинос шаванд.

Хонандагони ҳафтаномаи “Оила” бошад, бо шарофати радиои дар саросари Тоҷикистон маҳбуб ва машҳури “Имрӯз” минбаъд метавонанд бо иштирокчиёни озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” ва ситораҳои санъати тоҷик ҳамсуҳбат гашта, ба саволҳояшон посух бигиранд, таронаҳои дилангез бишнаванд ва дарди дили худро гуфта, маслиҳат бипурсанд.

Хонандагони азиз, ба мо нависед, ки дар барномаҳои минбаъдаи “Оила” дар “Имрӯз” кадом ҳунармандонро дидану шунидан мехоҳед.

Ҳатман ба мо нависед, ки дар ҳафтаномаи “Оила” дар бораи кадом ровиён ё барномаҳои радиои “Имрӯз маълумот гирифтан мехоҳед. Мо албатта ҳунарманди дӯстдоштаи шуморо ба сифати меҳмон ба ин барнома даъват намуда, шуморо аз навгониҳои эҷодӣ ва сирру асрори зиндагиаш огоҳ месозем ва дар саҳифаи ҳафтаномаи “Оила” дар бораи ровиёни писандида ва барномаҳои дӯстдоштаатон маводҳои ҷолибро пешкашатон мегардонем.

Агар дарди дилатонро гуфтан мехоҳед,

Агар ниёз ба маслиҳат доред,

Агар мехоҳед маслиҳат диҳед,

Агар савол ё пурсише доред,

Агар бо ровиёни шинохтаю барномаҳои машҳури радиои “Имрӯз”аз наздик шинос шудан мехоҳед,

Агар мехоҳед сирру асрори ситораҳои санъати тоҷикро бидонед, ҳатман ба мо занг занед!

Телефонҳо барои тамос: 44-600-45-32, радиои Имрӯз 2-38-52-52 ва 985-81-89-81, ҳафтаномаи “Оила”

Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

Leave a Reply