• Бахтовар Сафаров
  • 09.04.2019
  • 2

Олимон дар куҷо бештар дарс медиҳанд?

Бархе аз шаҳрвандони мо ақида доранд, ки айни замон теъдоди олимон рӯз то рӯз афзуда истодааст, вале фоидаи зиёде ба ҷомеа аз ин эҳсос намегардад.

Вале роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки теъдоди олимон дар кишвар чандон зиёд нест ва бояд афзоиш ёбанд. Зеро тибқи низомномаи муқарраргардида теъдодони омӯзгорони унвони илмидор дар муассисаҳои олӣ бояд дар хадди муайян бошад ва айни замон дар аксари донишгоҳҳо норасоии омӯзгорони дорои дараҷаҳои унвони илмӣ эҳсос мешавад.

Дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар вазъ чӣ гуна аст? Мо хостем тавассути инфографикаи зерин  кормандони штатии унвондори муассисаҳои олиро ҳисоб намуда, ин иттилоро ба шумо расонем:

Ба иттилои Академии илмхои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 дар  23 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудаанд, 185 рисола, аз ҷумла 18 рисолаи докторӣ ва 167 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд.

Дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз рӯзи таъсисёбиаш  (2017) то ба январи соли 2019 наздик ба 180 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудаанд.

PS: Маълумоти мазкур то ба ҳолати  январи соли 2019 оварда шуда, аз варақаҳои матбуотӣ ва ахбори расмии муассисаҳои олии таълимӣ гирифта шудааст. Бархе аз мактабҳои олии сифр тахассусиро дар рӯйхати мазкур ҷой надодаем.  

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Ismail:

    Олимони точик исбот кардани ки сабаби мурдани инсон марг аст.

    • Anonymous:

      Inson Boyd as marg najod ebad? To omadani murdan talosh mekhnat kunad ki marg naoyad! Olimoni tojik bori dirar isbot kuned pisolai ilmi navised e metavoned az marg najod doda ?????!!!!?

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner