Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон насиби ки мешавад?

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар майдони хурди футболи маҳаллаи Хоруғи боло, ки чанде пеш ба истифода дода шуд, мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд барои соҳиб шудани ба Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Тавре рассонаҳо хабар медиҳад, дар мусобиқа 24 даста аз идораву муассисаҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ ширкат меварзанд. Муовини раиси Федератсияи футболи вилоят Азиз Ясакиев дар суҳбат гуфт, ки «ин майдончаи футбол маҳз бо кумаку дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бунёд гардид ва ҳоло мо имкон пайдо кардем, ки чунин мусобиқаи бонуфузро байни ҷавонони шаҳр баргузор намоем».

Дар Қасри варзиши шаҳр ҳам барои бозии футболи хурд шароит мавҷуд аст, аммо бо сабаби ҳавои гарму тафсон баргузории мусобиқа ғайриимкон мебошад. Барои ҳамин аз номи ҷавонони шаҳр, бахусус футболбозону мухлисони ин намуди варзиш изҳори сипос менамоям.

Азиз Ясакиев гуфт, ки  сарпарасти мусобиқа бошгоҳи футболи «Истиқолол» буда, мутобиқи ҷадвали таҳиягардида бозии ниҳоӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузор мешавад.

Дар бозии ниҳоӣ раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ширкат меварзанд ва ба ғолибони мусобиқа Ҷоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply