• Mardon
  • 16.04.2019
  • 2

Ҷонибеки Мурод бо Қадами Қурбон ҷӯра шуд?

Ҷонибеки Мурод баъди он, ки дар сомонаҳои интернетӣ мардум ҳунари сарояндагии Қадами Қурбонро зери тозиёнаи танқид гирифтанд, аз пайи ҷустуҷӯи ин ҳунарманди навроҳ шуда, баъди вохӯрӣ ӯро ба Душанбе овард.

 Ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намудани фарзанди шоҳсутуни санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов-Ҷонибеки Мурод, ки сарояндаи маъруф аст, барои ин ҳунарманди ҷавон туҳфаи ғайриинтизори тақдир буд.

Қадами Қурбон аз шиносоӣ ва дӯстӣ бо Ҷонибек хеле хурсанд аст. Зимни як суҳбати кӯтоҳ Қадами Қурбон ба хабарнигори “Tajikistantimes.com” дар мавриди ошноияш бо ин сарояндаи машҳур чунин гуфт:

-Ману Ҷонибек ҷӯраҳои ҷонӣ шудем. Ҷонибек дар сабти ду клипи тозаи банда саҳм гузошта, тамоми хароҷоти ин таронаҳоро ба зиммаи хеш гирифт. Клипҳое, ки бо кӯмаки Ҷонибеки Мурод сабт кардам, ба зудӣ дар байни мардум шуҳрат пайдо карданд. Ин таронаҳоро зиёда аз 400 ҳазор нафар истифодабарандагони интернет тамошо карда, лайк гузоштанд. Бениҳоят шодам, ки тақдир маро бо ин ҳунарманди асил ошно намуд ва тариқи сомонаи «Tajikistantimes.com ” ба Ҷонибеки Мурод арзи миннатдорӣ намуда, орзуманди онам, ки дасти хайраш ҳамеша бобаракат бошаду ба қуллаҳои аз ин ҳам баландтари санъат бирасад!

Рустам Азимӣ, хабарнигор

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Тохир:

    Кадами Курбон дар сурудхояш камтар хазлхо мекунад))) а дар асл инсони хоксор аст.

  • Точик:

    Хайр Чонибек дастгири кард нагз акнун парон парнэону сари паворота бас кн… одамвори мешудаст ку….

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner