• Рустам Азимов
  • 26.12.2018
  • 6

Оши оштии Фирӯза Ҳафизова ва модараш (Видео)

Чанде пеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии модари сарояндаи эстрада Фируза Ҳафизова паҳн гашта буд, ки дар он модар “духтарам ба ман кӯмак намекунад, кораш фақат дугонабозӣ аст, ҳамроҳи дӯстонаш ресторан ба ресторан мегардаду ман гурусна мешинам” гуфта дарди дил карда буд.

Дар ҷавоб Фирӯза Ҳафизова дар як сабти дигари видеоӣ туҳмат будани суханони модарашро қайд намуда ашк рехта гуфта буд, ки “Хизматҳое, ки ман ба аҳли оила, ба бародару хоҳаронам кардаам, агар надонанд, кӯр мешаванд. Як умр аробаи зиндагии модару акаву хоҳаронамро кашидам, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан, маро бо туҳмату буҳтон дар байни халқ паст зада, обрӯямро резонданд.”

http://orien.info/jomea/14229-raksi-ochay-firuza-afizova-sharmandagi-va-ashni-oshti-firuza-va-modarash-video.html?fbclid=IwAR36KhWqOP7_vl91KnlEPmIuO-0lMBE0LwpHCioA_dZAb0TrwoCvM23pxyA#


Ҳафтаи охир боз як сабти видеоӣ бо унвони “Рақси модари Фирӯза Ҳафизова, шармандагӣ ва ҷашни оштии Фирӯза Ҳафизова бо модараш” дар расонаҳо паҳн мегардад, ки дар ин сабт маъракаи оштии Фирӯзабону бо модараш дар хонаи сароянда, дар ҳузури сарояндагони машҳур ҷашн гирифта шудааст. Дар навор Фирӯза Ҳафизова бо модараш оғӯш ба оғӯш рақс карда, ба даҳони модари худ торт меандозад. Тавре Фирӯза Ҳафизова қайд кардааст, қадри модар бузург аст, аз ин хотир қадами аввалинро барои оштишавӣ худаш гузоштаасту мехоҳад соли навро бе кинаву беғурбат пешвоз бигирад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Баҳора:

    Эй журналисти беҳад «босавод»! Дар ин навор Фируза зодрузашро ҷашн гирифта истодааст. Маъракаи оштӣ бо чӣ будаст… Камтар сатҳи саводата баланд кун!

  • Шарт нест.:

    Ман модар надорам вале то мурданам ба фируза лаънат мегуям. Захр бодо шири модар бар Ту фируза

  • Шарт нест.:

    Мурад ба он руз ки ……

  • Махваши ширинсухан:

    Агар ягон шахси камбагал чашни зодруз кайд кунад, 5 хазор сомони чарима мебанданд. чашни зодруз муборак, на оши ошти Фирузабону!!!

  • ТОХИР:

    Фируза инстаграмщица?

  • Хотам:

    Дар ин хона хама фохишахо чамъ шудаанд. Афгонхо хам рузи таваллуд омадаги. Ин фохишахоро хамин афгонхо масъалаашонро набинанд ин ахлотпорахо барои мардони точик лозим нестанд.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.