Қотили Ҳувайдо бе ҷазо мемонад?

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Интизор меравад, ки барои гузаронидани ташхиси такрорӣ қотили Ҳувайдоро дубора ба Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав интиқол диҳанд. Фардо, 18 октбяр мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии Александр Сёмин баргузор мешавад.

Александр Сёмин — ҷавони маттаҳам дар қатли духтараки 5-солаи тоҷик Ҳувайдоро аз Пажӯҳишгоҳи бемориҳои рӯҳӣ ва наркологии Сербскии Маскав ба боздошгоҳи шаҳри Серпухов интиқол доданд. Аммо интизор меравад, ба наздикӣ ӯро дубора ба бемористон баранд. Дар ин бора вакили мурофиаи хонаводаи Ҳувайдо — Олга Устюжанина ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мешавем Сёмин барои гузаштан аз чанд ташхиси вижа охирҳои моҳи август ба пажӯҳишгоҳ интиқол ёфта буд.

Бино бар иттилои вакил, фардо 18 октябр маҷлиси додгоҳӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар он дар бораи тамдиди мӯҳлати боздошти Сёмин ва интиқоли дубораи муттаҳам ба бемористон барои ташхиси такрорӣ қарор қабул карда шавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Марги Ҳувайдоҷон хоҳараки ширин бисёр аламовар буда, қотили ӯ хуки ваҳширо низ ҳамин тавр мисли Ҳувайдо куштанро лозим медонам. Наход инсон нуқсонақл ҳам бошад, то ҳамин дараҷа бераҳм мешавад. Охир Ҳувайдо тифли аз даҳонаш шири модар нарафта буд. Сад афсӯс, ҷиноятро рӯйпӯш кунанд ҳам, оҳаш мегирад.

  • Наход ки ба ин ҷинояти махсусан вазнин рӯйпӯшӣ намуд. Бояд ин палиди аҳмақе ки ин кори носазоро ба хоҳараки хурдсоли мо кардааст, ҷазои вазнин бинад. Сад афсус ки онҳо дили хунолиди модар ва гиряҳои дарунии падари Ҳувайдоро намебинанд.

  • Ин палиди харомро суд хукм кардаамт,ки гуё холати рухиаш хуб нест лекин дар асл ягон дард надорад,агар и Сёмин касали рухи (Психико)мебуд пас чаро дар сафи артиши Кувахои мусаллахи ФР барои адои хизмат даъват шудааст?Просто Адвакати пуркувват гирифтаги аст.

Leave a Reply