Овозхонҳои суғдӣ аз давлат қарздоранд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Раёсати андози вилояти Суғд исми беш аз 100 овозхон ва навозандагони вилоятро нашр кард, ки ба гуфтаи раёсат, молиётро саривақт напардохтаанд ва дар маҷмӯъ 100 ҳазор сомонӣ андози нопардохта доранд.

Номи ин овозхонҳо дар рӯйхати онҳое ҳаст, ки аз раёсати андоз қарздоранд.Дар феҳристе, ки масъулини андози Суғд таҳия кардаанд, дида мешавад, ки ҳар кадоме аз ин ҳунармандон, аз 70 то 9 ҳазор сомонӣ қарздор ҳастанд.Як масъули Раёсати андози вилояти Суғд гуфтааст, ки , барои бори аввал чунин феҳристро таҳия карданд ва тасмим доранд, дар телевизонҳои маҳаллӣ ҳам бо навбат нашр кунанд.То имрӯз мақомоти андоз бештар дар Душанбе феҳристи ҳунармандон, ва ситораҳои ҳунарро нашр карда ва дар бораи пардохт нашудани андози ҳармоҳаашон хабар медоданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply