• Бахтовар Сафаров
  • 11.02.2019
  • 3

Озори лафзӣ: бетамизиву расвоӣ то ба кай?

Имрӯзҳо дар кӯчаву роҳравҳо тавре ба мушоҳида мерасад, муносибати дур аз фарҳанги муошират миёни зумраи ҷавонон ва сокинон ба расмият даромадааст. Бо шуниданаш чӣ ба тариқи телефони мобилӣ ва ё чӣ ба тариқи мустақим зеҳн ва равони  шунавандаи закӣ хоҳ тасодуфӣ бошад ва ё хоҳ  воқеӣ осеб мебинад. Гарчанде ки дар мактабҳо ва донишгоҳҳои ҷаҳон бобати тарбияи одоби муоширати наврасону ҷавонон соатҳои зиёд бахшида шудааст ва ба ин васила ба ҷавонон нозукиҳои муносибат ва муошират миёни ҷомеа омӯзонида мешавад, аммо то ҳанўз мо фарҳанги сухангустариро побарҷо истифода карда наметавонем. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони камхондаи мо бефарҳангии хешро ҳангоми суҳбат (гаппартоӣ) дар кӯчаву роҳрав бо дӯшизае, ки ба ҷуз аз меҳрубониву навозиш чизи дигареро пазиро нест, бармало месозанд. Набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ дод, ки пазироиши инсон ва муҳаббати ў аз ҷониби чӣ дӯшиза бошад ё чӣ ҷавонписар аз рӯйи сатҳи тарбият ва одоби муошираташон суръат мегирад. Аксаран ба назар мерасад, ки як гурӯҳ ҷавондухтарон ва ҷавонписарон дар роҳрав гирд омада, бо сўҳбатҳои ғайриахлоқӣ ва гӯшхароши худ муҳити фарҳангиро ба маҷрои бетамизию расвоӣ мекашанд ва ҳамчунин аз тарбияи одоб бенасиб будани хешро ба атрофиён бармало месозанд.

Бобати қонуншиканӣ ва поймол намудани тартибот дар ҷомеа аз ҷониби сокинон, алалхусус ҷавонон ва ҳатто баъзе аз ҳимоятгарони  қонун ҳар қадаре, ки гуфтан хоҳем, боз ҳам кам аст. Махсусан банда бо дар назардошти тахассус ва нигоҳи соҳавиям дар маконҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, майхонаҳо, борҳо мушоҳида кардаам, ки қисман низомшиканон ноболиғону ҷавонон ва ҳатто кормандони низомии ноогоҳ аз масъулияти бар дӯшдоштаашон мебошанд, ки пас аз чанд ҷуръа нӯшидани майи хуношом ва аз даст додани қувваи зеҳнӣ бо овози баланд дашном додани модарони якдигар ва бо ин аҳвол нишастан сари чанбари мошин ва бо суръати баланд рондани нақлиёт ва бемавриду бе ист зер кардани баландгўи мошин (сигнал — серена) фароғати сукунатдоштагони маҳалро барҳам мезанад. Магар фароғат ин аст? Агар ин бошад, пас вой бар ҳоли мо барин ҷавонони модардору хоҳардор.

Бахтовар Қаландаров,  

хабарнигор

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Борец:

    Офарин. Рост гуфтед, ман кариб, ки харруз вомехурам бо чунин хайвонсифатхо.

  • чамшед:

    дар чомеаи мо имру хеле бисёранд инхел одамон

  • Одам:

    Бародари Азиз Бахтовар, маколаи навиштаи Шумо, дар бораи одоби муошират дар чомеа ва чойхои чаьмияти. Пас боя донист, ки донистани забони давлати ин худ, одоб ва хурмат нисбат бахуд ва атрофиенаст. Зебоии гуфтор аз истифода набурдани калимаю иборахои бегона, лахчахои махалли зист мебошад. Барои батартиб даровардан ва хавасманд гардондани шахрванд, мехмон ва мусофир, бояд сараввал забони давлати, дар хама ниходхою корхонаю муассисахои давлати батаври хатми риоя карда шавад. Дар Мо, чиро мебинем? ки бо кадом забоне хохад гапмезанад, ин нафакат надонистану хунукназарист, балки, бехурмати нисбати забони давлатию давлатаст. Барои мисол: Пеш аз сафар ба амрикою олмон, руссияю фаронса, … Шумо харакат доред, ки забони давлатияшро батаври лоакал, барои муошират донед, вагарна ичозати раводид(виза)гирифта наметавонед. Дар аксари давлатхои чахон, донистани забони давлати, новобаста аз нажод, миллату халкият хатмист!!! Ягон забони давлати, дарруи замин, дагали ва калимахои ночою иборахои ношоям надорад. Биеед, забон омузему, Точикистони бихиштосоро бо забони ширину буррою форамаш, на факат дар кучаву хиебонхо, балки пеш аз хама дар гумрук, муассисахои давлати, сохторхои кудрати, донишкадаю мактабхо, ба танзим дарорем, хурмати забони давлатиро хатми созем.
    Бо эхтироми самими, шахрванд ва хамватани Шумо.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner