Падару духтари забонкалон

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Падару духтар Байрон ва Эмили Шленкер ҳамчун одамони забонҳояшон паҳнтарин ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуданд.  Бо дидани расмҳояшон баръало дидан мумкин аст, ки сохти забони онҳо аз забони одамони дигар ба куллӣ фарқ дорад.

Паҳнии забони Байрон 8,6 см, буда, он 2 см аз  iPhone- 6 паҳнтар аст. Забони духтари 14-солааш Эмили бошад, 7,3 см аст. Аз рӯзе, ки намояндагони китоби рекордҳо падару духтарро ба қайд гирифтанд, онҳо дар шаҳри худашон Сиракюс, иёлоти Ню-Йорк машҳур шуданд. Дар кӯчаву мағозаҳо одамон ба наздашон омада, хоҳиши якҷоя расм гирифтан мекунанд ё соядасташонро пурсон мешаванд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply