• Бахтовар Сафаров
  • 13.02.2019
  • 0

Пахтадуздон дастгир гардиданд

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳритус бо ариза роҳбари сехи пахтатозакунии ҶДММ “Тоҷи Ардашер” муроҷиат намудааст, ки шаби 10-уми феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи шикастани қулфи дар вориди сехи ҶДММ “Тоҷи Ардашер”, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритус шуда, аз он ҷо 1420-кг пахтаро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда 7952-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 33 ва 40-солаи сокинони шаҳраки Шаҳритус бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ВКД

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner