Панҷакент: Ронандаи сархуш корманди БДА-ро ба капот савор кард

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 20 январ як ронанда бо мошини «Ниссан Максима” дар шаҳри Панҷакент корманди БДА-ро чанд метр кашола карда бурдааст. Сержант Хайём Пӯлодов ин мошинро дар посгоҳи назди «Дарвозаи Бухоро” барои тафтиш манъ кардааст, вале ронанда, ки маст будааст, мехоҳад фирор кунад.

Як ронанда, санаи 20-уми январ дар шаҳри Панҷакент, нозири БДА (Бозрасии давлатии автомобилӣ)-ро ба масофаи чанд метр кашола карда будааст. Дар ин бора шоҳидони ҳодиса ба сомонаи «Ахбор хабар доданд. Ҳодиса соати тахминан 20-и шоми шанбе дар мавзеъи «Дарвозаи Бухоро«-и шаҳри Панҷакент рух додааст.

Як манбаъ аз БДА-и шаҳри Панҷакент дар сӯҳбат бо «Ахбор» бо тасдиқи ин хабар гуфт, корманди БДА, сержант Хайём Пӯлодов як ронандаро бо нақлиёти тамғаи «Ниссан Максима», рақами қайди давлатиаш 73 17 ВМ 02 манъ мекунад. Нозири БДА вақте мебинад, ки ронанда дар ҳолати сархушӣ қарор дорад, мехоҳад ӯро фарорад, аммо ронанда ба ӯ итоат накарда мошинро меронад ва сержант Хайём Пӯлодовро ба масофаи чанд метр кашола карда мебарад ва дар ниҳоят мошинаш ба дарахт бархӯрда меистад.

Пас аз санҷиш муайян шудааст, ки дар ҳақиқат ронанда нӯшокии спиртӣ истеъмол намудааст. Нақлиётро ба ҷаримагоҳ бурда, нисбат ба ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд.

Корманди БДА Хайём Пӯлодов ҷароҳати вазнин набардоштааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки санаи 15-уми январи соли равон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, як ронанда, ки дар ҳолати сархушӣ пас аз исеъмоли маводи нашъадор қарор дошт, корманди БДА летейнанти калон Камолиддин Ҳукуматзодаро бо мошинаш пахш кард. Камолиддин Ҳукуматзода, ки ҳамагӣ 31 сол дошт, ба ҳалокат расид.

Ҳамин тавр, тақрибан 2 сол пеш як навори видеоие дар Интернет нашр шуда буд, ки дар он ронандае дар яке аз кӯчаҳои Душанбе корманди БДА-ро болои капоти мошин мебурд. Он навор сарусадоҳои зиёдеро ба бор оварда буд.

Моҳи августи соли 2017 парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муҷозоти ронандагони сархуш ва беҳуҷҷати ронандагиро шадидтар кард. Акнун дар Тоҷикистон барои дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт, ҳамчун ҷазо12 000 сомонӣ ҷарима ва ё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Бознашр аз Ахбор


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Панҷакент: Ронандаи сархуш корманди БДА-ро ба капот савор кард

  • Хайем Пулотов фарзани Бозорбой Пулотов журналисти шабакаи телевизиони Точикистон аст. Бисер бачаи хуб аст.

Leave a Reply