Парлумон ба чанд қонун тағйирот ворид намуд

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ«Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро баррасӣ ва қабул намуданд.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони мамлакат Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар додааст, масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии  Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, муҳокима шуд.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ инчунин лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро баррасӣ намуданд.

«Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» гуфта шуд, ки он бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди  Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26 декабри соли 2018 баён доштанд, таҳия гардидааст», — илова намуд Муҳаммадато Султонов.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласа аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply