• Бахтовар Сафаров
  • 09.05.2019
  • 0

Партизан Ковтун ҷангро аз Белоруссия оғоз карду дар Душанбе бехона монд

«Баъде ки ҷангал оташ гирифт, на тар мемонаду на хушк» — мегӯяд халқ. Ҳақиқати ин мақоли мардумиро ҷангҳои шадиди дунё собит кардаанд. Зеро ҷанг новобаста аз синну сол ва фикру ақида инсонҳоро ба гирдоби худ мекашад ва онҳоро иштирокчӣ месозад. Дар Душанбеи мо Леокадия Ковтун ном зани 93-солае зиндагӣ мекунад, ки дар 14-солагиаш иштирокчии ҷанги хонумонсӯзи Бузурги Ватанӣ шуд ва баъди 70 сол дар Душанбе барои гирифтани хонаи шахсӣ мубориза мебарад…

Роҳи ягонаи зистан

Леокадия Дмитриевна соли 1926 дар Белоруссия таваллуд шудааст.  Мисли ҳар як духтари нозпарвари славянӣ ӯ дар муҳити меҳру муҳаббат ба воя мерасид. Ба мактаб мерафт ва дар олами кӯдакии пур аз орзуи худ ғӯтавар зиндагӣ мекард.

Ҳеҷ гумон надошт, ки имтиҳонҳои шадиди тақдир ӯро дар пеш интизор аст… Ин имтиҳон ҷанг буд…

…Ӯ нав ба 14 даромада қадрас мешуд, ки Олмони фашистӣ аҳдшиканона соли 1941 ба хоки Иттифоқи Советӣ ҳамла кард. Даҳшати ҷанг дар як лаҳза сар то сари ин кишвари паҳноварро фаро гирифт.

Дар ҳафтаи дуюми ҷанг бошад, зодгоҳи Леокадия – Белоруссия низ ба коми ҷанг фурӯ рафт. Шаҳру деҳаҳо ғорат,  инсонҳо кушта, кӯдакон дуздидаву занон таҷовуз мешуданд. Модараш хеле фикр карда, роҳи ягонаи наҷоти духтарашро пайдо кард…

«Роҳи ягонаи наҷот ёфтани ман пайвастан ба отряди партизанҳо буд. Зеро фашистон агар кӯдакони қобили меҳнати ҳамсинну соли моро медиданд, ба асорат гирифта, барои кор ба ақибгоҳ мефиристоданд. Бинобар ин, модарам гуфт: «Рав ба партизанҳо ҳамроҳ шав. Шояд зинда намонӣ, аммо ҳамроҳи ҳамватанони худамон бош…»,- ба ёд меорад Леокадия Дмитриевна.

Ҳамин тавр, соли 1942 Леокадия Ковтун ба отряди партизанҳо пайваст, модараш бошад ба Украина, ба назди хешу таборашон рафт…

Партизани 14- сола

3 июли соли равон ба озод кардани шаҳри Минск аз дасти фашистон 75 сол пур мешавад. Дар озод кардани ин шаҳр, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Артиши Сурх ба ҳисоб мерафт, дар баробари нерӯҳои низомӣ саҳми отрядҳои партизанӣ ҳам калон аст.

Қаҳрамони мо Леокадия Ковтун ба отряди кӯчаки партизанҳо, ки аз 15 нафар иборат буд, қабул шуда, муборизаи худро бар зидди фашистон шуруъ намуд. 

Баробари қабул шудан ба отряд разведчик, иштирокчии Ҷанги якуми ҷаҳон Сергей Лазо ба ӯ нозукиҳои кори разведкаро омӯзонид.

«Дар ибтидо хеле метарсидам, зеро дар сурати фош шудан фашистон бо разведкачиён хеле муносибати баду хунсардона мекарданд. Вале ҳисси баланди ватандӯстӣ, моро шердил мекард…», — мегӯяд, Леокадия Дмитриевна.

Отряди онҳо корҳои муҳимро ба сомон мерасонид. Ба ин дастаи истихборотӣ ратсия дода буданд, то ки онҳо бо марказ гуфтугӯ кунанд ва навгониҳоро фиристанд.

Леокадия Дмитриевна ба ёд меорад, ки чанд маротиба разведкачиёни отряди онҳоро фашистон ошкор ҳам карданд, аммо талабот барои фошшудаҳо як буд: худкушӣ! Зеро онҳо чунин шиор доштанд: «Марг аз туфанги худ, бошарафтар аз он аст, ки ба дасти фашистон асир шавӣ.»

«Ман хеле чаққон будам, бинобар ин, шукри Худо боре ҳам ба дасти душман наафтидаам. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки соли 1943  дар стансияи Понятовкаи вилояти Смоленск фашистҳо  аэродром бунёд карданд. Дар ин давра отряди кӯчаки мо бо отряди калонтаре пайваст, ки иборат аз 60 нафар ва номи Сергей Лазоро гирифта буд. Чун ин аэродром дар наздикии мо буд, ба мо амр карданд, ки онро нобуд кунем.  Шаби 5 ноябри соли 1943 мо ба он ҷо рафта, ҳама ҷоро оташ задем, душманро нобуд карда, ҳатто тайёраҳои ҷангиро тарконидем. Албатта, аз ҷониби мо ҳам талафот буд, аммо муҳим натиҷа аст, — ҳодисаҳои 75 сол пешро ба ёд меорад Лекадия Ковтун ва идома медиҳад, — ин гуна ҳодисаҳо зиёд буданд, аммо ба ёд овардани саҳнаҳои ҷанг бароям дардовар аст».

­Ғалабаи некӣ бар бадӣ

Фаъолияти разведкачигии (кашшофии) Леокадия Дмитриевна дер давом накард. Пас аз он ки отряд калон шуд ва вазифаҳои муҳимтар мегирифт, бештар ҷавонписаронро ба ин кор ҷалб карданд.

Леокадияро бошад, ба взводи автоматчиҳо гузарониданд.

«Дар сурати ҳамла ба отряд взводи автоматчиҳо, ки аз 30 нафар иборат буданд, ба кӯмак мешитофтанд. Аммо китфи нозуки духтаронаи ман барои бардоштани автомат мувофиқ набуд. Бинобар ин, ба ман аввал наган ва баъдан таппонча дода, маро ба омӯзиши кори тиббӣ гузарониданд», — ба ёд меорад, Леокадия Дмитриевна.

Ҳамин тавр, ӯ баъди омӯхтани кори табобатӣ то рӯзи Ғалаба ба сифати ҳамшира ба маҷруҳони ҷанг кӯмак кард.

Баъди озодии Минск ва ғалаба бар фашизм Леокадия ба назди модараш баргашт, аммо қарори модараш ӯро ба ҳайрат гузошт: «Ба Украина мекӯчем, ба назди пайвандон»…

Ҳамин тавр, Леокадия ҳамроҳи модараш ба Украина кӯчид ва дар ин ҷо ба шуъбаи химияи Институти металлургӣ дохил шуд…

Душанбе – Ватан барои ҳамеша

Соли 1949 Леокадия Ковтун дипломи хатми институт ва роҳхати ғайриодӣ гирифт. Ӯ мувофиқи тақсимот бояд ба Тоҷикистон меомад. Ҳамин тавр, ин духтари белорус ба Душанбе омад ва муддати 30 сол,  то нафақа дар ташхисгоҳи «Геологияи тоҷик» кор кард.

Душанбе барои ин зани ҷасуру ғаюр ватани ҳамешагӣ шуд. Дар ин ҷо оила барпо кард, соҳиби фарзандон шуд, аммо дар даврони пирӣ бехона монд…

Албатта, қиссаи бе хонаи шахсӣ будани Ковтун  дурудароз аст, аммо як чизро мехоҳам ёдовар шавам.

Талошҳои Ковтун барои гирифтани хона аз Тоҷикистон бенатиҷа буданд. Бинобар ин, набераи ӯ журналист Виталий Рагулин моҳи декабри соли 2018 зимни як нишаст аз президенти Белоруссия Александр Лукашенко хоҳиш кард, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунад.

«Модарбузурги ман, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яке аз нафаронест, ки дар озод кардани Минск аз фашистон саҳм дорад, 70 сол боз дар Душанбе зиндагӣ мекунад, аммо хонаи шахсӣ надорад. Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки дар сатҳи давлатӣ ба мушкили ӯ расидагӣ кунед», -муроҷиат кард, Рагулин ба Лукашенко.

Президенти Белоруссия ҳам ваъда дод, ки ба мушкили ин зан ҳатман расидагӣ хоҳад кард…

Ҳамшаҳрии мо Леокадия Дмитриевна Ковтун имрӯз ҷавонтарин ветерани Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гарчанде аз талошҳо барои гирифтани хонаи шахсӣ хаста шуда бошад ҳам, сари синаи ӯро ордену медалҳо зеб медиҳанд ва ӯ бо ифтихор ва чашмони пур аз ашк ба онҳое ки майл доранд, қиссаҳои ҷангро нақл мекунад…

Одил Нозир

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner