• Administrator
  • 19.07.2017
  • 0

Парвандаи Сӯҳроб Маннонов ба додгоҳ фиристода шуд

Парвандаи Сӯҳроб Маннонов, корманди нозироти андози ноҳияи Варзоб бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи 7500 сомонӣ барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Ба Сӯҳроб Маннонов акнун аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 19 июл хабар дод, ки тафтиши парвандаи Маннонов Сӯҳроб Рустамович, нозири нозироти андози ноҳияи Варзобро бар асоси қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятӣ (гирифтани пора бо тамаъҷӯӣ)-ро анҷом дода, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодааст.

Бино ба ин манбаъ, рӯзи 26 май як шаҳрванд бо номи шартии «А” ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда, шикоят кардааст, ки як корманди нозироти андози ноҳияи Варзоб бо номи Сӯҳроб аз вай барои аз ҷавобгарии маъмурӣ озод карданаш 8000 сомонӣ пора талаб дорад.

«А” дар ду маврид 5000 сомонӣ аз ин маблағро супурдааст. Сӯҳроб низ баъди «олиҳимматӣ” карда, аз 8000 сомонии талабкардааш 500 сомониро «мебахшад”, вале тавре «А” дар шикояташ аз 26 май навиштааст, «айни ҳол оварда додани боқимонда маблағи 2500 сомониро талаб намуда истодааст.”

Шаҳрванд «А” ин дафъа бо машварати кормандони Агентӣ бо нозири андоз, ки маълум шуд, Маннонов Сӯҳроб Рустамович будааст, дар тамос шуда, аз омодагиаш барои додани пули боқимонда хабар додааст.

Маркази матбуоти Агентӣ меафзояд: «Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Манонов Суҳроб Рустамович бевосита баъди аз шаҳрванд «А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ дар дохили бустонсаройи «Водиии гургон”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа, деҳаи Ғусғарф боздошт шуда, маблағи 2500 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Ба нозири ҳамакнун собиқи нозироти андози ноҳияи Варзоб Сӯҳроб Маннонов акнун бар асоси қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 7 то 12 соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner