Пеш аз тӯй нодухтар шудам

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом! Ман як духтари 18- солаи дар роҳи ишқ сахт шикастхӯрда ҳастам. Намедонам сарамро ба куҷо занаму аз кӣ мадад пурсам.

Волидонам маро бо сад умед ба хондан равон карда буданд, вале ба доми фиреби ҷавоне афтидам. Маҷнуни маккор домони маро бо чормағзи пуч пур карда, аввал зару зевар, баъд ганҷи беҳтарин-номусамро рабуд. Шояд шумон гумон кунед, ки ман ягон духтари бероҳа ҳастам, вале дар асл чунин нест. Ошиқи номардам бо таҳдид маро ба дом афтонд. Вай аввал маро сурат гирифта, баъд таҳдид кард, ки агар ба хубӣ ба хонааш наравам, аксҳои маро дар сомонаҳои иҷтимоӣ партофта, номамро ба фоҳишагӣ мебарорад ва шармандаи дӯсту душман мегардонад. Аз тарси шарманда шудан ба наздаш рафтам. Вай қасам хӯрд, ки ба ман даст намерасонад, вале ба аҳдаш вафо накард. Баробари аз дар даромадани ман зуд дарро аз дарун маҳкам карда, якбора мисли гурги гурусна ба ман дарафтод. Ҳарчанд дасту по задам, аз чангаш раҳоӣ ёфта натавонистам.

Ҳамин тавр он номардона бо зӯрӣ ганҷи номусамро аз ман рабуд.

Падару модарам аз фоҷиаи ба сари ман омада хабар надоранд. Онҳо маро ба як ҷавон, ки падараш бо падарам ҷӯраи наздик будааст, фотиҳа кардаанд.  Дирӯз бо номзадам вохӯрдам, бисёр бачаи хубу дилкаш, вале ман ба ӯ сазовор нестам. Аз гиря на шаб хоб дорам, на рӯз орому қарор. Розшунаве наёфта ба редаксия муроҷиат кардам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

С, хонандаи “Оила”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

10 комментарий

  • Хуб мешуд баҳонае пеш меовардиву он писар (писари ҷураи падарат)-ро рад мекардӣ… Ту ба у арзанда нестӣ худат хуб медонӣ.
    Диграр ин, ки қарсак аз ду даст иборат аст ва як даст садо надорад, яъне ту намехостӣ он «ошиқписар» чизе карда наметавонист… Аксҳоят фикр мекунам фаҳш буданду ту ба у равон карда будӣ, ки дигар чизе гуфта натавонистиву номусатро ба у туҳфа кардаӣ…

  • Агар хак боши, вай чавонро ба суд дех, бигзор чазои арзанда бинад ва дар назди пайвандонаш шарманда шавад

  • Касе нодухтарро гирифта айби уро пушонад. Дар охират Худованд айбхои уро мепушонад. Банда низ вакте оила барпо кардам хамсарам нодухтар баромад аммо ман уро дар назди хама духтар муаррифи кардам. Ое ин кори ман дуруст нест?

  • уро ба суд дех ки чазояшро бигирад агар ай бам шавад худатро бидуз ё ба бачаи номзатат бигу росташро

  • Рухафтода нашавед хохарчон. Албатта дар чомеаи мо номуси духтар ин шаъну шарафи вай аст, лекин хар якеи мо сазовори бахт хастем. Росташро бигуед ба падару модар. Наход дастгири накунанд.

  • Як каме булхаваси ва иштибох зиндагиро саропо ва то а охар мубаддал ба чаханнам мегардонад.Ба вижа барои як духтар. Хеч як чавони бодиёнат ва орият харгиз чунинхоро хамсари худ интихоб намекунад. Магар ягон муйсафед ва ё нафаре ки не буй аз диёнат бурдаасту не аз хуни марди…

  • yakum bahar inson hudovand aql dodaat valki tu bobar baonjavon kardiyu shoyad boham akse girifta boshenki umehost azu istifoda kunad vale vahte fahmidi ki chunin mehohad tu boyad namerafti chun vahte zhavhar mekardi bosari baland mebudi zero azhudat dilat purbud bo vujudiki onjavon badnomat mekardham metavonistiki hudro begunoh isbotkuni hub aknunki koraz kor guzadhtast afsus tu boyad baonjavon fahmoniki unham farzandi kasest va orzu dorad agar qabulat kard azbaroi hudo vagarne baroi hudmefahmiki chun badi tuy bifahmat ruzat siyohtar meshavd

  • Нофаҳмо ки он суратхоро чи гуна ва дар куҷо гирифтааст. Ё худи духтар ба ӯ фиристодааст ва ӯ истифода бурдааст.

Leave a Reply