Пешгирӣ аз интиқоли ғайриқонунии молҳои ниёзи мардум

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Моҳи августи соли ҷорӣ дар минтақаҳои отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз ҷумла: дар минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ва шаҳри Исфара чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ доир ба пешгирии интиқоли молҳои пастсифати сохтмонӣ, молҳои ниёзи мардум ва пешгирии убури ғайриқонуни марзи давлатӣ гузаронида шуд.

Аз ҷониби нарядҳои сарҳадӣ дар наздикии марзи давлатӣ, қочоқбарон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва насупоридани боҷи гумрукӣ, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт,  ғайриқонунӣ мехостанд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд, бо мошинҳои боркаши худ дастгир карда шуданд.

Дар ин муддат, мошинаҳои боркаши тамғаҳои «Портер» — 11 адад, «ЗИЛ» -1 адад, «Газел»- 2 адад, 6 адад  боркаши тамғаи “Мерседес”, ки таҳти роҳбарии ронандагони шаҳрвандонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгир карда шудаанд.

Дар вақти азназаргузаронии воситаҳои нақлиётҳои боркаш, аз бордони онҳо ба миқдори 16 000 кг меваи хушки зардолу, 400 кг маҳсулоти сабзавотӣ, 1 250 кг нурии минералии навъи силитра, 1 500 адад тунукаи алюминий, 17 тоннаю 500 кг маводи сӯзишвории ангиштсанг, 1000 литр маводи сӯзишвории дизелӣ, зиёда аз 15 м3 маҳсулоти сохтмонии тахта ва ғайра, дарёфт ва мусодира карда шуд.

Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷа, дастгиршудагон бо мошинҳо ва борҳои дохили автомашина ба мақомотҳои интизомии дахлдори вилояти Суғд супорида шуданд.

 

Муҳаммад Улуғхоҷаев,

 Маркази матбуоти

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply