• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 10.01.2019
  • 0

Пешниҳод: Тоҷикистонро 7 вилоят мебояд

                                                          Қабои хусрави бар тан наояд ҳар касеро хуш,
                                                        Сари ҳар носазоеро назебад Тоҷи султонӣ.
                                                        Салоҳи мулк агар хоҳӣ биомӯз эй Шаҳи Олам,
                                                        Тариқи Подшоҳиро зи Исмоили Сомони.

Мутобиқи моддаи 27-уми Конститутсияи ҶТ тасмим гирифтем, кӣ назарияе нисбати давлатдории давлати соҳибистиқлоламон ибрози ақида намоем.

Тоҷикистон сарзамини камзамин аст ва ҳар як ваҷаби замини муқаддаси Ватаниро мебояд таҳти назорати қатъии волиёни ҳар як вилоят қарор дошта бошад.
Хушбахтона, мо бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлати ҷоноҷонамонро истиқбол гирифтем. Тоҷикистони имрӯза давлати навбунёд набуда, идомаи давлатдории Пешдодиёну Сосониёну Тоҳириёну Сомониён мебошад, ки инро ҳар як фарди худшиносу худогоҳи Ватанӣ ба хубӣ медонад. Пушида нест, ки давлати куҳанфарҳанги тозабунёдамон бо амри сарнавишт ҳамагӣ аз се вилоят иборат аст. Замоне, ки аз давлату давлатдорӣ сухан меравад, ҷаҳониён аз нуфусу вилоят (штат)-ҳо суол мекунанд ва барои як давлати таърихи қадима доштаву бо амри сарнавишт дар кураи замин қисмат шудаамон, се вилоят басанда нест. Аз айёми қадим балки Помиру Дарвоз шоҳигарии худро доштанд, ки бо амри сарнавишт соли 1895 зери таъсири ду империяи абарқудрат ҳамчун Россияву Англия ин шоҳигариҳо из байн рафтанд. Танҳо қаламрави шоҳигарии Бадахшон ба панҷ давлати рӯи олам қисмат шуд, ки барқарор намудани ин шоҳигарии қадима, ҳеҷ имкон надорад. Шоҳигарии дарвоз бошад ба ду давлат, яъне қисме насиби собиқ Иттиҳоди Шуравӣ гардиду қисме аз Афғонистон. Тоҷиконро кӯчаку андак тасаввур накунед. Гарчанде шумораи нуфуси аҳолӣ дар миқёси ҷумҳуриамон, нуҳ (9) миллион нафар ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, дар асл шумораи тоҷиконе, ки бо амри сарнавишт, аз даврони Маҳмуди Ғазнавию Чингиз, Темурлангу Ленину Сталин фироригаштаи дар рӯи олам пошхурда, бидуни тоҷикони махлутшуда, зиёда аз 300 миллионанд. Фақат дар Ҳиндустон, зиёда аз 320 милион мусулмононанд, кӣ аксарияти онҳоро тоҷикон ташкил менамоянд. Воқеият ин буд, ки дар охири асри 19 аниқтараш, соли 1895-ум, ду императории абарқудрат, Бритониёи Кабиру шоҳигарии Рус, барои таъмини бехатарии хеш, тасмим гирифтанд, кӣ кишвареро бо номи Афғонистон, ҳамчун сипар (буфер) бунёд кунанд. Дар натиҷаи ин тақсимбандӣ бештар аз ҳама миллати тоҷик зиён дид. Аз ҳама аламовар он аст, ки мо қариб, ки байни ҳамдигар равобити хешутабориву қавмӣ, милливу фаҳангӣ надорем. Ин ду императорӣ, ҳеҷ таваҷҷуҳе ба таъриху фарҳанг, эътиқоду қавмият ва вазъи иҷтимоии мардумони ин сарзамин надоштанд, ба ҷуз аз аҳдофи империалистонаи худхоҳи худашон.
Аз рӯи мизон (равновесия) бигирем, маркази масоҳати сарзамини кишварамон ба ноҳияи Дарвоз рост меояд. Давлати Афғонистон аз 12 вилоят, Узбекистони ҳамҷаворамон аз 12 вилоят ва Қазоқистон бошад, аз 17 вилоят иборат мебошад. Бо шарофияти давлати мустақилу соҳибистиқлол буданамон мо имкон дорем шумораи вилоятҳои Ватаниро ба 7 адад бирасонем. Нахуст аз вилояти Душанбе оғоз намоем. Москва бо вуҷуди поитахти Федератсияи Россия буданаш , вилояти Москав низ дорад, ки шаҳрҳои атрофии пойтахт ба вилояти Маскав дохил мешаванд. Сокинони навоҳии Даштиҷуму Шурообод барои як семинар-машварат, ба маркази вилояти Хатлон мераванд ва барои як имзои тасодуфан аз хотир фаромӯш шуда, маҷбуранд бори дигар роҳи дарозро тай намуда, бо сарсониву саргардонӣ ба маркази вилоят раванд. Сокинони вилоятҳои Суғду Бадахшон низ сари ҳар вақт дучори ин гуна проблемаҳо мегарданд. Таърих гувоҳ аст, ки замоне Истамбулро пойтахти Туркия эълон намуданд. Дар ҳоле, ки Истамбул дар тарафи дигари баҳр вокеъ гардида, ба Итолиёву Македония наздиктар аст. Дар он маврид қисмати қаламрави Ироқу Сурияву Эрони давлати Туркия аз марказ дур монда, бе назорат монд. Давлати Туркия маҷбур шуд, ки пойтахташро дубора ба Анқара баргардонад, чун ки Анқара дар маркази қаламрави ин давлат ҷойгир шуда аст. Равшандилону ҳукуматдорони кишвари азизамонро мебояд сари масъалаи ба ҳафт вилоят қисмат намудани Ватани азизамон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, сари мизи мудаввар нишинанд ва хулосаи амиқ бароранд. Дар маркази қитъаи Аврупову аморати Араб давлатҳое мавҷуд аст, ки нуфусашон чанд баробари давлати мо камтар буда, масоҳати кишварашон низ борҳо аз масоҳати мамлакатамон камтар аст, вале аз шаш, ҳафт ва ё аз ин ҳам зиёд вилоятҳо (штат)-ҳо иборатанд. Аз як канори вилояти Хатлон то канори дигараш зиёда аз 600-700 киломиетр роҳро ташкил мекунад. Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ва Суғд бошад, аз ин ҳам зиёдтар масофаро ташкил мекунад. Волии ҳар вилоят бояд мунтазам аз аҳволи шаҳру навоҳии дар ихтиёр будааш бохабар бошад ва қаламрави вилояти ба уҳда доштаашро мунтазам наззора намояд. Азбаски масоҳати ҷуғрофии ин се вилояти мавҷуда хело калон аст, барои ҳамин ҳам волиёни вилоятҳои мо ин гуна шароитро надоранд. Давлатдории имрӯзаи Тоҷикон, идомаи давлатдории сулолаи Пешдодиёну Сосониёну Тоҳириёну Сомониён мебошад. Бо амри сарнавишт он ҳуввияти миллие, ки Анушервони Одилу Абдуллои Тоҳиру Исмоили Сомонӣ дар тамаддуни форс-тоҷик гузоштаанд, баъд аз 1000 сол боз ба ҳолати аввалааш баргашт.Чуноне, ки мегӯянд: Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошиност. Дар хабаре омадааст, ки Анушервони Одил ба ҳокимони шаҳру вилоятҳо эътимод накарда қаламрав-империяи мамлакаташро шахсан худаш назорат менамуд. Дар даврони шоҳаншоҳии Шоҳ Хусрави-1 дар қаламрави империяи ӯ як пора замини холӣ пайдо намудан имкон набуд. Яъне ҳамаи заминҳо кишт мешуданд, ба ҷуз аз шуразамин. Пӯшида нест, кӣ 93% дар сади масоҳати сарзамини камзаминамонро кӯҳсорон ташкил медиҳанд. Дар мавриди ба ҳафт вилоят қисмат намудани мулки азизамон ҳар як ваҷаби заминҳои обию кӯҳии мамлакатамон таҳти назорати ҷиддӣ карор гирифта, кишт мешаванд, бо иловаи кишти такрорӣ, ки ин боиси некуаҳволии мардумони кишвари азизамон ва таъмини муътадили озуқаворӣ мегардад. Айни замон фарқияти байни шаҳру деҳот аз байн бардошта мешавад ва ғунҷоиши аҳолӣ ба низоми муайян медарояд. Дар замони муосир волиёни ҳар як вилоят бояд чархбол (мини-вертолёт)-ҳои хидматӣ дошта бошанд, ки ҳафтае як ва ё ду маротиба қаламрави вилоятро ҳамчун назари Худовандӣ аз боло наззора намуда, камбуду беҳбуди ҳокимони шаҳру навоҳии дар қаламрави вилоят бударо ҷиддӣ наззора намоянд. Дар он маврид масъулиятнокии ҳокимони шаҳру навоҳӣ меафзояд ва ҳар як раиси шаҳру ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки малакаву маҳорат ва арзандагию фарзанди содиқи Ватан буданашро дар назди давлату ҳукумат муаррифи намояд. Аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ, хоса Россия бармеояд, кӣ волиёни ҳар вилоят (губернатор)-ҳоро мебояд мардумони ҳамон минтақа бо тарзи раъйпурсӣ интихоб намоянд, на бо тарзи таъинотӣ. Чун ки лоиқу сазовор будани фарзандони бофарҳангу худогоҳи ҳар минтақаи ватаниро мардумони ҳамон мавзеъ беҳтару хубтар медонанд, кӣ кадом шахсият ба мансаби воли вилоят муносиб аст.
Раҳмат Шералиев
омӯзгор

 

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.