Пешниҳоди Жириновский шаҳрвандони тоҷикистон

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия гуфт, дар шиносномаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо забони русӣ навишта шавад, ки «аз кишвари дӯсти наздиктарини Русия аст».

Ин сиёсатмадори ҷанҷолии рус, ки бо як сафари корӣ дар Душанбе аст, рӯзи 1-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, «ин замима дар шиносномаҳо хоҳад буд. Бо чунин санад минбаъд ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон ва бахусус муҳоҷирони корӣ бо маъмурони пулиси Русия мушкил нахоҳанд дошт».

  • Дар ҳоли ҳозир шиносномаҳои хориҷӣ ё биометрии шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо забони тоҷикӣ ва англисӣ таҳия шудааст.

Ба қавли Жириновский, замима бо забони русӣ дар шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон баробар бо шиносномаи шаҳрвандони Беларус, шарики асосии Русия, хоҳад буд. Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия афзуд, ба зудӣ ин пешниҳод аз тарафи намояндагони ҳизби ӯ ба Думаи давлатии Русия ироа мешавад.

Владимир Жириновский дар идомаи суҳбат гуфт, Тоҷикистон нерӯи кории зиёд ва конҳои маъдан ва «Русия пули зиёд дорад. Мо бояд ин ду имкониятро ба ҳам пайвандем ва барои рушди Тоҷикистон ва минтақа истифода кунем».

Раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия, инчунин, хабар дод, ки ҳизбаш тасмим гирифтааст дар Душанбе барои омода кардани муҳоҷирони корӣ як мактаби миёнаи махсус бунёд созад. «Дар ин мактаб ҷавонони тоҷик ҳам забони русӣ меомӯзанд ва ҳам ихтисос ва сипас метавонанд дар ҳар кишваре, ки мақбулашон бошад, кор кунанд”, — гуфт Жириновский.

 Ӯ дар посух ба ин суоли Радиои Озодӣ, ки ҳанӯз дар фикри таъсиси «ҳавзаи федеролӣ»-и Осиёи Миёна бо пойтахташ дар шаҳри Алмаато ҳаст ё не, гуфт, «таъсиси чунин сохторе ногузир аст. Вале шомилшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин воҳид ихтиёрӣ мешавад. Мо мутмаинем, ки дар канори Чин ва Иттиҳоди Аврупо Русия бояд сохторе таъсис бидиҳад, ки тавонад бо онҳо рақобат дошта бошад».
Бознашр аз Озодӣ

Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply