Пиетро Салини: Ба эътимоди Пешвои миллат сазовор мешавем

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкати «Салини Импреҷило», ки дар бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок менамояд, боварӣ дорад, ки дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, эътимоди Президенти Тоҷикистонро сазовор мегардад.

Ин матлабро имрӯз ба хабарнигорон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд.
Ба маълумоти Пиетро Салини, ҳоло дар сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ мутахассисони варзида ҷалб гардидаанд, ки дастаҷамъона фаъолият доранд.
«Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин орзуи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст ва он корҳоеро, ки мо барои бартараф намудани мушкилоти соҳаи барқ дар Тоҷикистон ба иҷро мерасонем, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона гардидаанд», илова намуд Роҳбари ширкат.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply