• Бахтовар Сафаров
  • 10.01.2019
  • 0

Пиёз сирри давлатӣ

зери пардаи он чист, на ту донию на ман…

Редаксияи азиз! Ба шумо як гурӯҳ деҳқонон ва хоҷагидорон аз деҳаи Навободи вилояти Суғд дар мавриди мушкилоти фурӯши маҳсулоти  бо заҳмати зиёд рӯёнидаи худ муроҷиат менамоянд.Гап сари он аст,ки мо чанд сол боз дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба даъвати Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозӣ намуда, ба киштукори сабзавот, аз ҷумла картошкаю пиёз машғул шудем. Баъзеҳо ба хотири он,ки дар назди оилаҳои худ бошанд, аз баҳри муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам баромада, ба умеди он ки маҳсулоти истеҳсолнамудаашон  ҳам ба мардуми кишвар ва ҳам ба худи онҳо  фоида орад, дубора ба деҳқонӣ рӯй оварданд. Мутаассифона, ҳоло аксари мо бе ягон хел даромад мондем ва қарздор шуда, дар сари халтаҳои маҳсулоти ба касе лозим набудаамон ашк мерезем.Зеро дар деҳа зиёда аз ҳазор тонна пиёзи истеҳсолкардаи деҳқонон дар анборҳои мардум пӯсида истодааст ва харидор надорад. Ин ҳолат танҳо хоси деҳқонони деҳа, балки кишоварзони ҷумҳурист. Он нархе, ки барои  маҳсулоти мо пешниҳод мекунанд, (30-40 дирам барои ҳар кило пиёз) аққалан андози заминро намепӯшонад. Хароҷоти об, сӯзишворию трактор, доруҳои минералии истифодашуда, тухмӣ ва заҳмати шашмоҳаи худи моро албатта, касе барнамегардонад. Деҳқонон ба ҷои соҳиби зиндагии беҳтар гардидан аз ин сабзавоткории худ зарари беҷуброну беандоза диданд. Мегӯянд, ки сабаби бехаридор мондани маҳсулоти мо ин манъи фурӯш ва баровардани  пиёз ба хориҷи кишвар будааст, ки он бо дархости “Тоҷикматлубот” сурат гирифтааст. Мо намедонем, ки ин то кадом андоза дуруст аст. Вале агар чунин бошад, чаро бояд кишти сабзавотеро,ки танҳо ба зарари мост, бояд  идома диҳем?Мақсад агар пур кардани бозори дохилӣ аз  маҳсулот бошад, он аз андоза беш пур шудааст ва нархи навъи беҳтарини пиёз ҳоло дар Душанбе камтар аз як сомонӣ аст.Президенти муҳтарами мо дар Паёми имсолаи худ иброз намуданд,ки соли гузашта ба хориҷ баровардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ то 25 % кам шудааст. Ё маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи  мо берун аз Тоҷикистон  харидор надорад, ки имрӯз маҳсулоттайёркунандагони калон ба тарафи пиёзи мо нигоҳ намекунанд? Мехостем дар ин маврид назари Ҳукуматро фаҳмем ва минбаъд аз рӯи он амал кунем, зеро зарари дидаи имсолаамонро гумон аст,ки танҳо бо коштани зироати дигар ҷуброн кунем. Агар соли оянда фарз кардем, ба ҷои пиёз нахӯд ё помидор кишт кунему боз ҳамин ҳолат ба миён ояд чӣ? Магар дар  Ҳукумат мисли “Госплан”-и замони шӯравӣ сохторе вуҷуд надорад,ки инро танзим кунад? Умед дорем сари ин масъала дар саҳифаи “Тоҷикистон” барои худ ҷавоб пайдо хоҳем кард.

Шаҳбоз Неъматов, Сироҷ Шарифов, Шафқатулло Музаффаров, Раҳмон Аҳмадов, Муҳаммад Имомқулов  (Ҷамъ 17 имзо)

Пас аз гирифтани ин номаи деҳқонон роҳ сӯи бозор пеш гирифтем ва нархи пиёзро пурсидему …ба қавле “шок” шудем. Зеро аз ҳама чизи арзонтарин ҳоло дар бозорҳои Душанбе ин пиёз аст. Аз 60-80 дирам саркарда, то як сомонӣ пиёзи беҳтарин. Хурсанд шавам? Аз як ҷиҳат хуб аст,ки чунин шудааст, аммо ин медал тарафи дигар ҳам дорад. Тавре ки дар боло хондед, ҳоло деҳқони пиёзкор бо ин нарху наво муфлис шудааст. Боре дар бораи нархи помидор ва ҳимояи деҳқон мақолае навиштаму як хонанда занг зада,латифаи хирсро ёдрас намуда пурсид,ки шумо дӯсти хирсед ё дӯсти ман? Айни замон ман боз “дӯсти хирс”  шудам, зеро ҳоло аҳволи ӯ хеле бад аст. Тасаввур кунед, шаш моҳи тамом бо аҳли байт пиёзпарварӣ мекунеду онро яклухтхар омада 40 дирам нарх мекунад,ки он ҳамагӣ 10%-и  нархи як кило селитра аст. Тавре ин деҳқонон навиштаанд, “обмӯриашон аз боғашон хеле калонтар шудааст”  ва хароҷоти кардаашон ҳоло як қисматиками худро бароварда наметавонад. Сабаб, нархи беандоза пасти ин намуди маҳсулот.Тавре дидед, онҳо даъво доранд, ки гӯё ба хориҷа баровардани пиёз манъ шуда бошад ва ин сабаби беқурб шудани маҳсулоташон гаштааст. “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст” гуфтему ба Хадамоти  гумруки ҷумҳурӣ занг задем. Аммо “Луқмон” дар ин маврид ягон маълумот додан нахост ва аз як раёсат ба раёсати дигар “футбол”кардан гирифт. Ниҳоят, аз як кабинети ин сохтори бонуфуз гуфтанд, ки то аз боло амр нашавад, онҳо мисли моҳӣ хомӯш хоҳанд монд. Ҳол он ки мо ба як саволи одӣ, яъне баровардани пиёз ба хориҷ манъ шудааст ё не, ҷавоб гирифтан мехостему халос. Барои  ин бояд номаи расмӣ ба номи роҳбар навишта шавад ва минбаъд он ба раёсати даркорӣ фиристода мешаваду танҳо баъди он  ҷавобашро интизор бояд шуд.Яъне,як пиёзпази дигар тоқат кардан  лозим ва ин “сирри давлатӣ”барои  мо ва хонандаи мо ошкор хоҳад гашт. Хайрият, ки дар дунё Вазорати кишоварзӣ ном ниҳоде ҳам ҳаст. Ба онҷо занг задем ва Маркази матбуотии он  шахси “ҳамадон”-и ин вазоратро муаррифӣ кард. Сардори Раёсати иқтисодии Вазорати кишоварзӣ Баҳодур Назаров гуфт, ки дар ин ҷо ягон сирре нест ва касе ҳам баровардани пиёзро ба хориҷ аз Тоҷикистон манъ накардааст. Баръакс, барои тоҷироне,ки ба воситаи роҳи оҳан маҳсулоти кишоварзиро берун мебаранд, 50% тахфиф муқаррар карда шудааст. “Гап дар сари он ки имсол ҳосили пиёз аз аз ҳарсола дида, хеле бештар аст ва нисбати соли гузашта қариб 30 ҳазор тонна зиёд (бе назардошти хоҷагиҳои шахсӣ)истеҳсол карда шудааст”. Мувофиқи гуфти ин мутахассис, ҳар як сокини кишвари 9 — миллионннафараи мо  дар як сол тақрибан ба 8,8-9 кг пиёз ниёз дорад. Аммо ҳоло тақрибан зиёд аз 600 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст,ки ин аз меъёри барои як кас пешниҳодшудабо назардошти муҳоҷирон ва сокинони хурдсоли кишвар,ки тобу тавони дидани пиёзро надоранд, даҳ маротиба бештар аст. Пас, ин ҷо “айб дар ош нею дар мош будааст” ва гуноҳи худи деҳқон аст,ки напурсидаю насанҷида “аз бекорӣ пиёзкорӣ” гуфта, тамоми самбӯсахонаҳоро пури пиёз кардаасту аз бӯи бади пиёзи пӯсида ҳоло аз назди партовгоҳҳои деҳаҳои пиёзкор гузашта намешавад. Ин деҳқон  ангушт ба даҳон бурда, пиёзашро сари роҳи мошингарди Душанбе –Хуҷанд баровардааст ва дарпаси халатҳои турини он навиштааст: “Хайрия, чӣ қадар хоҳед  гиреду дуои нек кунед!”(Шӯхӣ не, ин воқеият аст!) Мутаассифона, бо дуо на андози замину пули об дода мешавад ва  на суперу селитра харида. Ин ҷо боз як муаммои дигаре ҳам ҳаст. Чаро роҳбарони маҳаллӣ ва масъулони соҳаи кишоварзӣ метавонанд дар ҷое,ки картошка ҳосили паст медиҳад, супориш диҳанд, ки “ту бояд ин қадар картошка корӣ” вале огоҳ намекунанд,ки “ба ҷои пиёз ту дигар чиз кор,ки ин маҳсулот бозоргир нест”? Деҳқонони мактубнавис дуруст даъво мекунанд,ки нақши “Госплан”-и навро кадом сохтор бояд иҷро кунад, ки онҳо зарар набинанд? Чунин тарзи кор дар кишварҳои “капиталистӣ” низ роиҷ аст, аммо агар маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро бо нархи дилхоҳ фурӯхта натавонад, аз ҷониби давлат ҷубронпулӣ мегирад.

Пас,  чӣ бояд кард? Барои дарёфти роҳи ҳалли ин гиреҳи сарбаста онҳое камар бастанашон лозим,ки дар кабинетҳои гарми вазоратҳои маъқул нишаста “кор мекунанду” аммо пайи иҷрои супоришҳои Пешвои миллат ангушт болои ангушт намегузоранд. Сахт гуфтем? Магар 23 фоиз кам шудани ихроҷи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар ин бора Роҳбари давлат дар Паёми худ таъкид намуданд, сигнал ба онҳое нест,ки вазифаашон дарёфти бозорҳои иловагӣ барои маҳсулоти кишоварзон мебошад? Махсусан “Тоҷикматлубот”. Охир деҳқон худаш каландашро  як тараф гузошта, ба Русияю Қазоқистон ва ё ягон кишваре, ки дар он ҷо ба пиёзи аз лиҳози экологӣ хушсифти мо ниёз доранд, намеравад — ку? Ин вазифаи онҳоест, ки ба савдои хориҷа машғуланд ва вазифаи онҳоест, ки аз ҷониби Ҳукумат талаботи бозори хориҷаро меомӯзанд.

Албатта, асрори пиёзро кушодан душвор аст, зеро ин зироати тундбӯ  70 қабат пӯст  дорад. Аммо боз ақидае вуҷуд дорад, ки кадоме фурӯшу ба хориҷа  баровардани  онро монополия кардааст ва то лаҳзаи охирин паст шудани нархи онро интизор аст ва ҳамин,ки нарх ба нуқтаи поёнтарин расид, вагонҳо қатор — қатор баромадан мегиранд. Сари ин масъала низ андеша кардем ва ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ занг задем. Аз он ҷо яке аз масъулони ин даргоҳ гуфт, ки дар  ин бора ягон маълумоте надоранд ва ягон шикояте низ ба онҳо нарасидааст. Кош, ҳамин фарзияи охирин дуруст мебаромаду амаки “монополист”-е пайдо шуда, пиёзи мардумро бо нархи паст ҳам бошад, мехарид. Он гоҳ аққалан кафши дар вақти хишова  даридаи духтарчаи деҳқони пиёзкор нав мешуд — ку…

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.